Рубрики Хабарҳо

Боздошти ду тоҷик дар Русия бо иттиҳоми истифодаи силоҳ

Дар ду шаҳри бузурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон, бо иттиҳоми даст доштан дар истифодаи силоҳи оташфишон доштаанд, боздошт шуданд

Мақомоти қудратии Русия дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия чанд шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд, хабар медиҳад «Фантанка».

Бино бар иттилои манбаъ, амалиёти вижа, ки мақомоти Санкт-Петербург якҷо бо кормандони хадамоти ҳифзи сохти конститутсионӣ ва мубориза бо терроризми Раёсати ФСБ Русия дар шаҳр ва вилоят ва ҳамчунин мутахассисони бозҷӯии Маскав анҷом доданд, ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд.

Дар рафти тафтишот дар манзили муҳоҷирон силоҳ ва адабиёти мамнӯи экстремистӣ пайдо намуданд.

Яке аз тоҷикистониён дар Русия ғайриқонунӣ қарор дошта, бидуни ягон ҳуҷҷат будубош доштааст. Яке аз онҳо дар Маскав сабтином шудааст.

Бино бар иттилои пешакӣ, боздоштшудагон эҳтимол дар ҳамлаҳои ғоратгарона, ки дар авалҳои тирамоҳ дар Петербург сурат гирифта буд, даст доштанд.

Он замон ғоратгарон дар рӯй ниқоб аз як ширкати сохтмонӣ 1 миллин рублро рабуда буданд. Дар пайи ин ҳодиса шаҳрвандони Ӯзбекистон дастгир шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *