Ҷеймс Метис, вазири дифоъи Иёлоти муттаҳидаи Амрико фармони Доналд Трамп раисҷумҳури ин кишвар барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурияро имзо кард.
Шабакаи хабарии CNN ба нақл аз ду мақоми Пентагон эълом кард, Ҷеймс Метис, ки дар моҳи январ аз симати худ канорагирӣ мекунад, фармони хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурияро имзо кардааст.
Дар ин гузориш ба замон ва наҳваи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия ишорае нашудааст. Пешбинӣ мешавад, ки раванди хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Сурия зарфи чанд ҳафтаи оянда оғоз ва чандин ҳафта ба тӯл анҷомад.
Ҷеймс Метис, вазири дифоъи Амрико дар пайи эъломи фармони ахири Трамп мабнӣ бар хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия, аз симати худ канорагирӣ кард.