Рубрики Хабарҳо

Хурӯҷи 7000 низомии амрикоӣ аз Афғонистон

Расонаҳои амрикоӣ аз тасмими Доналд Трамп барои хориҷ кардан 7000 низомии амрикоӣ аз Афғонистон хабар доданд.

Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар ба Пентагон дастур дода раванди хурӯҷи нерӯҳои низомии ин кишвар аз Афғонистонро оғоз кунад. Дар пайи ин дастур беш аз 7000 низомии амрикоӣ аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд.

Ин иқдоми эҳтимолии Трамп нишондиҳандаи тағйири стратегияи ИМА дар Ховари Миёна аст. Интизор меравад беш аз 7 ҳазор сарбози амрикоӣ тайи ҳафтаҳои оянда Афғонистонро тарк карда, ба кишваршон бозгарданд.

Рӯзи гузашта низ расонаҳои ин кишвар хабар аз тасмим Кохи Сафед барои хориҷ кардани ҳудуди 2 ҳазор нафар аз низомиёни худ аз Сурия дода буданд.

Дар пайи интишори ин ахбор Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ тайи як паёми твиттерӣ навишт: Доъишро, ки танҳо иллати ҳузурамон дар Сурия буд, шикаст додаем.

Амрико дар ҳоли ҳозир беш аз 14000 нерӯи низомӣ дар Афғонистон дорад, ки дар қолаби маъмурияти қотеъи Созмони Атлантики шимолӣ (НАТО) дар заминаи омӯзиши нерӯҳои амниятии Афғонистон ва пуштибонӣ аз он фаъолият мекунанд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *