Соли гузашта дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазору 340 қонуншикании вобаста ба замин ошкор шудааст, ки афроди қонуншикан ба маблағи 2 миллиону 35 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Ба гуфтаи сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилоят Мирзохон Менгилиқулов,
майдони умумии заминҳои ғайриқонунии истифодашуда 5 ҳазору 320 гектарро ташкил медиҳад.
“Барои бартараф намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ аз тарафи нозирони Идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо 6 ҳазору 347 адад дастурҳои муҳлатнок дода шуд, ки дар натиҷа 5 ҳазору 515 ададаш дар майдони 3 ҳазору 764 гектар бартараф карда шуд”, гуфтааст ӯ. .
Ҳамчунин Менгилиқулов афзуд,ки барои роҳ додан ба қонуншикании замин нисбати 5 ҳазору 186 нафар парванда тартибу дода шуда, ҷарима таъйин гардид, 2 миллиону 35 ҳазору 335 сомониро ташкил мекунад.
Иттилоъ дода шуд,ки аз 6 ҳазору 347 қонуншикании рухдода дар самти замин 502 ҳолати онро ишғоли худсаронаи замин дар майдони 97 гектар ташкил медиҳад.
“Қонуншикани бештар дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Ёвон, Шаҳритуз, Норак, Вахш Кушониён, Носири Хусрав, Ҷалолидини Балхӣ, Левакант, Ҷайҳун, Қубодиён, Ҷомӣ ва шаҳри Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст” – таъкид кардааст Менгилиқулов.