Categories Хабарҳо

КМИР бақайдгирии номзадҳоро оғоз кард

Бақайдгирии расмии номзадҳои пешбаришударо ба вакилии палатаи поёнии парлумони кишвар аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 16 январ шурӯъ шуд.

Маъракаи бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон то 9 феврал идома меёбад. Пас аз он номзадҳои сабтшуда метавонанд дар ҳавзаҳои интихоботии худ маъракаи таблиғотӣ гузаронанд. Интихоботи имсоларо коршиносон беинтихобтарин интихобот аз замони истиқлолияти Тоҷикистон меноманд. Ҳоло дар кишвар ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, танҳо ҳизбҳои кисагӣ боқӣ мондаанд, ки номзадҳояшон аз тарафи ҳукумат таъин крада мешавад. 

ҲСДТ ҳам, ки аллакай номзадҳояшро пешбарӣ кардааст бо мушкилоти зиёде, аз қабили фишорҳои мақомот, монеъагузориҳо ва инчунин мушкилоти молӣ мувоҷеҳ аст. Масъулини ин ҳизб борҳо аз монеъагузориҳои мақомот шикоят кардаанд. 

Дар интихоботи имсола низ барои истифодаи телевизион ва радиои давлатӣ ба ҳар кадоме аз ҳизбҳои сиёсии кишвар то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда мешавад. Раҳматилло Зоиров қаблан гуфта буд, агар онҳоро ба парлумон роҳ ҳам надиҳанд, аз имконоти расонидани ҳарфи ҳақ ба мардум дар ин маърака бояд истифода кард. 

Ҳамчунин барои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шуд. Дар дигар ҳолатҳои истифодаи васоити хабори умум низ ҳамин гуна тартибот амал мекунад.

Ба ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 63 нафар вакилон – 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 вакил тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявии интихоботӣ.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *