Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 10.2670 сомонӣ;
1 евро – 10.4107 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1682 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.2670 то 10.2000 сомонӣ;
1 евро аз 10.4107 то 10.5300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1682 то 0.1705 сомонӣ.
***
Қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ баъди хабари Институти нафти Амрико дар бораи камтар шудани захоири нафти ин кишвар бо эҳтиёт боло меравад. Баҳои нафти навъи Brent каме камтар аз 100 доллар барои як бушка ва навъи WTI 95,31 доллар муқарра шудааст.
***
Дар остонаи нашри натиҷаи нишасти,Системи федеролии резерви Амрико, қимати тилло ҳам каме боловупоин меравад ва ҳоло дар нишондиҳандаи 1717,6 доллар барои як унсия тройӣ қарор гирифтааст