Сардухтур ва молики беморхонаи шахсии “Тиби Хатлон” Файзалӣ Шарипов ҳамроҳ бо писару духтараш ба вируси корнуо мубтало шуда, дар беморхонаи худаш бистарӣ шудаанд. Баъди дар ихтиёри беморон қарор додани беморхонааш, мақомот дар идомаи сохтмони бинои нави беморхона ба ӯ кӯмак мекунанд.
Манбаъи Паём мегӯяд вазъи саломатии Шарипов миёна арзёбӣ мешавад ва тахмин меравад зимни табобати беморон худаш ҳам гирифтор шудааст.
Ҳамчунин тибқи иттилоъи манбаъ, бинои нимасохти бахше аз беморхонаи шахсии Шарипов бо суръат бунёд мешавад. Баъди розигии ӯ ба қабул ва табобати беморони гирифтори COVID-19 мақомоти вилоят ба сохтмони бинои нав ба Шарипов кӯмак мекунанд.
Қаблан дар дарёфти иҷозаи идомаи сохтмон баъди манъи мақомоти вилоятӣ Сардухтури беморхонаи шахсии “Тиби Хатлон” ба мушкил муҷаоҷеҳ шуда буд.
Гуфта мешавад Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур дар идомаи ин сохтмон монеъа эҷод мекард. Сабаби ин “номешрубонӣ”-и домоди раисҷумҳур дақиқ нест, аммо бархеҳо мегӯянд Шарипов аз ба ихтиёри Шамсулло Соҳибов гузоштани исмате аз саҳмияи беморхонаи шахсиаш худдорӣ кардааст.
Сообщение ПАЁМ.net.