Рубрики Хабарҳо

Чигунагии рӯёрӯии нерӯҳо дар ҷанги Укроин

Дар ҳоле, ки нерӯҳои укроинӣ бо муқоваматӣ шадид дар муқобилӣ русҳо ва нерӯҳои таҳти ҳимояти Русия дар талошанд аз сарзамини худ дифоъ кунанд, артиши Русия низ бо бомбаборонҳои шадиди аҳдофи мухталиф ва бар ҷо гузоштани вайрониҳои густурда саъй дар шикастани ин муқовамат дорад. 

Он чи дар Мариупол, Харков ва Чернигов дида шуд, таъйидкунандаи ин мавзӯъ аст: Ин шаҳрҳо рӯзҳо паиҳам бо ракет, тӯпхонам сангин ва ҳамалотм ҳавоӣ ҳадаф қарор гирифтанд. 

Ба гуфтаи Симон Визман, пажӯҳишгари муассисаи Таҳқиқоти сулҳи байналмилали Стокголм (SIPRI), ин як токтики комилан шинохташудаи русҳо меросгирифта аз даврони Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии пешин аст, ки ҳангоме, ки сарбозон наметавонанд бар душман ғалаба кунанд, ба истифодаи густурда аз таслиҳоти сангини низоми рӯй меоваранд. 

Ин мутахассис дар шарҳи рафтори русҳо мегӯяд: “фирқе намекунад душман дар шаҳр бошад ё на, онҳо онҷоро мунфаҷир мекунанд. Онҳо ҳамин корро дар Грознии Чеченистон низ анҷом доданд. Дар он ҷо низ ибтидо саъй карданд бо нерӯҳои худ вориди шаҳр шаванд то шаҳрро аз шӯришиёни чечен бигиранд. Аммо вақте ин кор амалӣ нашуд, тасмим гирифтанд блок ба блок шаҳрро нобуд кунанд.” 

Ин равиш дар Сурия низ истифода шуд ва ба таври мисол шаҳри Ҳалаб мавриди ҳамалоти ҳавоӣ ва ҳамалоти тӯпхона қарор гирифт ва аз он танҳо як вайронӣ бар ҷой монд. 

Дар Украина низ, Русия аз ягонҳои вижае истифода мекунад, ки пеш аз ин даргири ҷанги Сурия буданд ва таҷрибаи ҷанг дар манотиқи шаҳриро доранд. 

Артиши Украина: Амалиёти сареъ ва дар миқёси кӯчак 

Артиши Украина низ дар ин набарди сангин, ба навбати худ дар талош аст то монеъ аз муҳосира шудани шаҳрҳо, аз ҷумла Киев, пойтахт шавад ва ба ҳамин далел ба ҳамла ба тонкҳои русӣ ва иҷрои амалиёт сареъ рӯй овардааст. 

Симон Визман мегӯяд: “украинииҳо аз соли 2014-и мелодӣ омӯзиш барои иҷрои амалиёт дар миқёс кӯчакро оғоз карданд. Аз ҳамон сол, теъдоди бисёр зиёде аз сарбозони украиӣ низ тавассути артишҳои ғарби омӯзиш диданд.” 

Бо ин вуҷуд, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки агарчи нерӯҳои укроинӣ тавонистаанд аз суръати ҳамалоти Русия бикоҳанд, аммо артиши Русия ҳанӯз ақибнишини накарда ва барои аз саргирии стратегияи ҳаракати рӯ ба пеш, шурӯъ ба созмонедеҳии муҷаддади худ ва ҷазби нерӯҳои хориҷӣ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *