Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ваҳшиёна ва ҷанҷолбарангез паҳн шудааст, ки дар он марде фарзанди худро бо дасти худ мавриди азобу шиканҷа қарор медиҳад.
Парвиз Тағоев — раҳбари гурӯҳи “Парвиз ТВ”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram ва TikTok фаъол аст ва наздик ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дониста мешавад — навореро нашр кард, ки дар он як падар бо писари худ баҳси тунду сахт дорад.
Навори мазкур, ки эҳтимолан аз ҷониби худи падар сабт шудааст, лаҳзаҳои фоҷиабори шиканҷа ва азияти кӯдакро нишон медиҳад. Дар видео дида мешавад, ки падар писарашро барои гирифтани 600 сомонӣ ва рафтан ба назди аммааш дар Душанбе бе иҷозати ӯ сарзаниш мекунад.
Баъдан, ба нақли корбарон, падар писарашро аз хонаи аммааш гирифта, дар ҳавои гарм ва офтоби сӯзон, дасту пояшро баста, ду километр дар пушти мошин кашола кардааст. Дар навор дида мешавад, ки кӯдак бо тани захмдор рӯи замин нишаста, гиря мекунад ва мегӯяд:
“Ман нос накашидам, пулашро гирифтаму хӯрдам.”
Падар бошад бо лаҳне таҳқиромез мегӯяд:
“Ман туро то мурданат задам, боз бас накардӣ.”
Ба иттилои корбарон, кӯдак баъд аз ин шиканҷа ҷон бохтааст.
Мазаммат ва ғазаби ҷомеа: “Ин охири замон аст”
Нашри навор ҷомеаро дар ҳолати шок қарор дод. Дар чанд соати аввал ҳазорон бинанда ва садҳо шарҳи пур аз ғазабу нафрат сабт шудааст. Бархе аз вокунишҳо чунинанд:
- Сакина Каримова: “Як хабар аз дигарӣ даҳшатноктар аст. Чӣ ба сари мардум омадааст? Бечора кӯдакон…”
- “Точка зрения”: “Детоубийство — маризии нави ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ин натиҷаи фақр, стресс ва идеологияи вайрон мебошад.”
- Малика Леди: “Ба куҷо мерафта бошем мо? Чӣ ҷаҳони ваҳшиёнае…”
- Зариф Аҳтамзода: “Нисбати чунин шахс бояд фавран чора андешида шавад — ҳайвон ҳам чунин намекунад.”
- Муслима Насридинова: “Ё Аллоҳ! Миллат ба куҷо меравад, ки раҳм ба кӯдак намондааст?”
Мақомот хомӯшанд — суолҳои беҷавоб
То лаҳзаи навишти ин матлаб, ҳеч мақоми расмӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ба навор ё ҳодиса расман вокуниш накардаанд. Вақти сабт, макон ва вазъи тафтишоти қазия номаълум боқӣ мондааст.
Дар ҳамин ҳол, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони ҳуқуқи инсон таҳқиқи бетаъхир ва беғаразро талаб доранд.
Парвиз Тағоев — раҳбари гурӯҳи “Парвиз ТВ” — бо наворҳои пурмоҷаро ва таблиғотии худ дар шабакаҳо шинохта шудааст. Бисёриҳо ӯро шахси наздик ба мақомоти амниятӣ медонанд.
Огоҳӣ ва адолат
Ин ҳодисаи фоҷиавӣ на танҳо як қазияи фардӣ, балки нишони буҳрони амиқи ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеа аст. Азобу куштори кӯдак аз ҷониби волидайн — дар назди чашми миллат — бояд на танҳо маҳкум шавад, балки боис гардад, ки механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон аз нав дида баромада шаванд.
TajNews аз мақомоти марбута талаб мекунад, ки ба таври шаффоф, фаврӣ ва беэҳтиётӣ ба ин ҳодиса расидагӣ кунанд ва шахси гунаҳкор, новобаста аз мақом ва робитаҳояш, ба ҷавобгарии ҷиддӣ кашида шавад.