Пас аз паҳншавии наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки марде фарзанди худро шиканҷа медиҳад ва пас аз бастан ба мошин ӯро кашола мекунад, мақомот ниҳоят шарҳи расмии худро ироа карданд.
Ба иттилои расмӣ, ҳодиса рӯзи 26 июл дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода рух додааст. Мард, сокини 40-солаи ин шаҳр, писари 15-солаашро барои “дуздии пул” ва “носкашӣ” ба шиканҷаи вазнин дучор кардааст.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки падар фарзандашро дар ду ҳолат — як маротиба моҳи май (800 сомонӣ) ва бори дигар аввали моҳи июл (600 сомонӣ) — ба гирифтани пули бе иҷозат гумонбар донистааст. Барои “иқрор кардан ба гуноҳ”, ӯ ноболиғро ба заминҳои беодами ҷамоати Навобод бурда, бо ноқил аз пойҳояш ба мошин баста ва тахминан 100 метр кашола намудааст.
Дар натиҷаи ин шиканҷа, ба гуфтаи мақомот, кӯдак ҷароҳатҳои вазнин бардошта, баъдан дар хонаи истиқоматиаш ҷон додааст.
Айни замон нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноӣ бо қисми 3 моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон боз шудааст, ки “қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки боиси марг шудааст”-ро дар бар мегирад. Ин модда аз 12 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ-ро пешбинӣ мекунад.
Шахсияти марди боздоштшуда то ҳол расман эълон нашудааст. Бо вуҷуди ин, ҷомеа ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳодисаро ба наворе рабт медиҳанд, ки чанде пеш дар саҳифаи “Парвиз ТВ“ — гурӯҳи иҷтимоие, ки наздик ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дониста мешавад — нашр шуда буд. Дар он навор падар бо писараш муноқишаи шадид дошта, ӯро таҳқир ва ба гуноҳ иқрор мекунад.
Дар лаҳзаҳои видео дида мешавад, ки кӯдак бо тане захмдор рӯи замин нишаста, гиря мекунад ва мегӯяд:
“Ман нос накашидам, пулашро гирифтаму хӯрдам.”
Вале падар бо овози таҳқиромез мегӯяд:
“Ман туро то мурданат задам, боз бас накардӣ.”
Ин ҳодиса, ки эҳтимолан сабаби марги наврас шудааст, мавҷи хашм ва нигаронии амиқи ҷомеаро ба бор овард. Мардум даъват мекунанд, ки таҳқиқот бо шаффофият ва бе таъсири эҳтимолии робитаҳо анҷом шуда, гунаҳкор ба ҷавобгарии воқеӣ кашида шавад.
TajNews ин қазияи фоҷиавиро пайгирӣ мекунад.