Дар ноҳияи Ҷайҳун беш аз 1 гектару 70 садяк замин барои бунёди парки технологӣ ҷудо гардид. Раиси ноҳия Абдулҳафиз Одиназода иттилоъ дод, ки замин пурра ба ихтиёри Агентии содироти Тоҷикистон дода шудааст ва корҳои сохтмонӣ пас аз нимсолаи аввал шурӯъ мешаванд.
Тибқи нақша, дар ин мавзеъ аз 6 то 7 корхона бунёд мешавад, аз ҷумла:
– корхонаи коркард ва бастубандии маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот;
– корхонаи истеҳсоли қутиҳои махсус;
– корхонаи истеҳсоли селофон;
– анборҳои нигаҳдории маҳсулот.
Лоиҳа бо истифодаи таҷҳизоти пешрафта амалӣ шуда, ҳадафаш рушди истеҳсолот ва афзоиши имкониятҳои содиротии минтақа мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube