Рубрики Pressa

Маърифати молиявӣ. Аз хароҷоти беҳуда то пасандози оқилона


Шахсоне, ки маблағи худро оқилона истифода мебаранд, на танҳо зиндагии беҳтар доранд, балки дар ҷомеа низ устувортар ва мустақилтаранд. Дар замони муосир, ки ҷомеа рӯ ба бозор ва рақобати озод овардааст, донистани роҳҳои дурусти истифодаи маблағ ба шартҳои асосии зиндагии босубот табдил ёфтааст. Иқтисоди бозорӣ талаб мекунад, ки шахс дониши молиявӣ дошта бошад, хароҷоту даромади худро дуруст танзим намояд. Ҳамчунин, хавфҳои молиявиро дарк ва оқилона амал намояд.

Идораи пули шахсӣ чист?

Идораи пули шахсӣ қобилияте аст, ки ба шахс имкон медиҳад, то даромади худро самаранок истифода барад. Зиндагии устувору мақсаднокро пеш барад. Ба ин пеш аз ҳама банақшагирии буҷет, пасандоз, истифодаи дурусти қарз, сармоягузорӣ ва муҳофизати бехатарии молиявӣ дохил мешаванд.

Роҳҳои муҳими идораи молия

Тартиб додани буҷет. Шахс бояд ҳар моҳ даромад ва хароҷоти худро рӯйхат кунад, то воқеан ҳам донад, ки маблағ ба куҷо сарф мешавад ва чӣ миқдор метавон пасандоз кард.

Пасандоз ва фонди эҳтиётӣ. Нигоҳ доштани маблағ барои ҳолатҳои изтирорӣ, беморӣ, таъмири хона ё аз даст рафтани ҷои кор.

Қарздорӣ бо масъулият. Гирифтани қарз бояд дар асоси зарурат ва имкони баргардон сурат гирад, на барои хароҷоти кайфу сафо ё намоиш.

Муқоисаи нарх ва арзиш. Харид бояд бо муқоисаи нархҳо ва фоида анҷом ёбад, на аз рӯйи ҳавас ё намоишкорона.

Амнияти молиявӣ. Муҳофизати кортҳо, паролҳо, маълумоти шахсӣ ва шинохти қаллобии молиявӣ.

Мушкилот дар чист?

Яке аз сабабҳои аслии мушкилоти иқтисодии шаҳрвандон надоштани саводи молиявӣ ва беаҳамиятӣ ҷиҳати банақшагирии даромад аст. Онҳое, ки дарк намекунанд, ки ҳар сомонӣ бояд бо мақсад харҷ шавад, зуд зери бори қарз мемонанд ва дар ҳолатҳои ғайричашмдошт бе кумак мемонанд.

Дар шароити Тоҷикистони муосир бо назардошти таваррум, болоравии нархи маҳсулот ва афзоиши хароҷоти рӯзгор, идораи пули шахсӣ бояд ба як одати ҳар як шахс табдил ёбад. Махсусан, барои ҷавонон, оилаҳои ҷавон ва кормандони давлатӣ омӯхтани малакаҳои молиявӣ роҳи мустақим ба зиндагии беҳтар аст.

Бинобар ин, шахсоне, ки маблағи худро оқилона истифода мебаранд, на танҳо зиндагии беҳтар доранд, балки дар ҷомеа низ устувортар ва мустақилтаранд. Ҳар касе, ки мехоҳад соҳиби молияи мустаҳкам гардад, бояд омӯзад, таҷриба андӯзад ва масъулияти молиявиро дар зиндагии ҳаррӯзааш ҷой диҳад.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *