Нархи арз
Бино бар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз 7 декабр арзиши рубл дар кишвар боз боло рафта, 1 рубл баробари 15 сомониву 15 дирам нарх шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30 дирам то 11 сомониву 33 дирам арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 71 дирам то 13 сомониву 80 дирам арзёбӣ кардааст.
Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 15 сомониву 15 дирам то 15 сомониву 35 дирам муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла «Бонки Эсхата» ва «Спитаменбонк» бошад, арзиши рубл боз баландтар нишон дода шудааст.
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1831 доллару 88 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 48 доллару 97 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 45 доллару 94 сент муомила шуд.
Машҳуртарин мошинҳои хориҷӣ дар байни тоҷикон «Опел», «Хундай», «Тойота» ва «Мерседес» будааст
Дар Тоҷикистон воридоти мошинҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ҳамин тавр, дар сар аз январ то октябри соли 2020, Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 184,2 миллион доллар мошин ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 32,4% ё 88,4 миллион доллар камтар аст.
Гуфта мешавад, аксари мошинҳои ба кишвар воридшаванда худравҳои истифодашудае мебошанд, ки ба категорияи нархҳои нисбатан паст тааллуқ доранд.
Таъминкунандагони аслии мошинҳои сабук ба Тоҷикистон кишварҳои ИА мебошанд ва маъмултарин мошинҳо дар байни тоҷикон «Опел», «Хундай», «Тойота» ва «Мерседес» будааст.
Дар мавриди мошинҳои боркаш бошад, онҳо ба кишвар, асосан аз Чин оварда мешаванд.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки ҳаҷми содироти воситаҳои нақлиёт дар давраи мушаххаси 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 73% ё 10,5 ҳазор доллар кам шуда, беш аз 3,8 миллион долларро ташкил додааст.
Намояндагони тиҷорат ва коршиносон ба бисёр мушкилоте ишора мекунанд, ки дар рушди бахши хусусӣ садд мегузорад.
Ба назари коршиносон соҳибкорӣ дар Тоҷикистон зери фишори шадиди сарбории андоз ва мақомоти танзимгар қарор дорад.
“Тибқи арзёбии коршиносони байнулмилалӣ (Бонки ҷаҳонӣ, Pricewaterhouse Coopers, World Economic Forum), ҳаҷми умумии пардохтҳои маъмурӣ ва андоз ҳудуди 70 дар сади фоидаи софи субъекти соҳибкории хурд ва миёнаро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон аст”.
Гуфта мешавад, ки “монеъаҳои сершумор дар рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аз монополия (мунҳасир) кардани бозорҳои асосӣ, монеъаҳои зиёд барои ба бозорҳои ҷолиб роҳ ёфтани ширкатҳои нав ва сармоягузорон, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, истихроҷи минералҳо, воридоти маҳсулоти нафтӣ ва хӯрокворӣ; сиёсати таҳрифшудаи андоз ва танзим иборатанд, ки сарбории асосӣ ба дӯши соҳибкорони инфиродӣ вогузор гардида, дар натиҷа аксарияти тоҷирон кори худро қатъ намуданд ё нақшаи тавсеъаи тиҷоратро ҷиддӣ бозбинӣ кардаанд”.
Соҳибкорон чандин маротиба изҳор доштанд, ки бо сабаби муҳити номусоиди корӣ дар Тоҷикистон, ҷумҳуриро натанҳо сармоягузорони хориҷӣ тарк мекунанд, балки сармоягузорони маҳаллӣ низ аз ноилоҷӣ тиҷорати худро ба ҳамсоякишварҳо, ки дар онҳо шароити бештар мусоид фароҳам аст, интиқол медиҳанд.
Тибқи маълумоти чанде пеш нашршудаи Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон тасдиқ мешаванд, ки мувофиқи он дар ин кишвари ҳамсоя 178 корхона бо сармоягузории мустақими Тоҷикистон амал мекунанд, ки 103-тоашон тиҷорати муштарак бо соҳибкорони ӯзбек буда, 75 корхона бо сармояи пурраи тоҷирони тоҷик фаъолият доранд.
Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки имкони фаъолият барои тоҷирони тоҷик дар Ӯзбекистон пас аз соли 2016, баъди сари мансаби сарвари давлати ин кишвар омадани Шавкат Мирзиёев ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба байни давлтҳо фароҳам омад.
Инчунин қаблан дар бораи бурунрафти сармоя аз Тоҷикистон ба Қирғизистону Қазоқистон ва ҳатто ба Афғонистон низ сухан мерафт.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати кишваорзии Тоҷикистон имсол дар мамлакат дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 45 ҳазору 268, 8 тонна гандум, 480,8 тонна шолӣ, 6 ҳазору 444,1 тонна дигар ғалладонагиҳо, 751,0 тонна лӯбиёгиҳо, 1083,3 тонна ҷуворимакка ва 36697,7 тонна картошкаи тухмӣ захира шудааст.
Ба иттилои Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон», имсол корхона бо ширкати Агрохимияи Федератсияи Русия оид ба ворид намудани гандуми тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои «Московская-56», «Московская-39» ва «Мироновская – 808» шартнома ба имзо расонид.
То 21 ноябри соли равон ҳашт қатора (вагон) гандум бо ҳаҷми 526 тонна ба ҷумҳурӣ ворид гардида, 350 тоннаи он ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас гардид.
Гуфта мешавад, ҳоло тибқи рӯйхати мавҷуда он ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда истодааст.