Агентии назорати давлатии молиявь ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон алайҳи роҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Хӯроки умумии ноҳияи Фирдавсӣ” ва ду корманди он бо иттиҳоми азхудкунии маблағҳои давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба гуфтаи муовини раиси Агентии мазкур Фирӯз Камолзода, се нафар барои аз худ кардан ва исрофкории маблағи 3 миллиону 464 ҳазору 330 сомонӣ, ки барои таъмини кӯдакистонҳои ноҳияи Фирдавсӣ пешбинӣ шуда буд, гумонбар дониста мешаванд.
Камолзода 8 август дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар асоси моддаи 245 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (азхудкунӣ ё исрофкорӣ), нисбат ба раҳбари корхона – Саъдӣ Абдулхайрзода ва ду корманди дигар парванда боз шуда, ба суд ирсол гардидааст.
Ба гуфтаи мақомот, ин моддаи қонунгузорӣ ҷазо то 15 соли зиндонро дар назар дорад.
Ҳарчанд мақомоти зиддифасод номи ду гумонбари дигарро ифшо накарданд ва нагуфтанд, ки онҳо дар боздошт ҳастанд ё дар озодӣ, аммо таъкид карданд, ки зарари расида пурра ба буҷети давлатӣ баргардонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube