Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 дидан намуд.
Тибқи иттилои масъулин, иншооти мазкур дорои 7 ошёна буда, барои 260 кат пешбинӣ шудааст. Фармоишгари сохтмон Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ва пудратчӣ ширкати “Хушофар” мебошад. Лоиҳа дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ мегардад.
Дар бинои нав усулҳои муосири табобат ва ҷарроҳӣ бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ ба роҳ монда мешаванд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки хизматрасониҳои тиббӣ дар сатҳи баланд ба беморон пешниҳод шуда, ниёзи муроҷиат ба хориҷи кишвар барои муолиҷа коҳиш ёбад.
“Дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият мекунанд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо таҷрибаи баланд доранд. Бо фароҳам овардани шароити замонавӣ ва дастгоҳҳои нав имконияти ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат боз ҳам афзоиш меёбад”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини сохтмон дастур дод, ки корҳои боқимонда бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонида шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube