Кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ аз паҳншавии маводи мухаддири навъи “ҳашиш” дар ҳаҷми калон пешгирӣ карданд.
Дар рафти амалиёт, Шокиров Маҳмадрасул, сокини 59-солаи ноҳияи Фархор, ки қаблан ду маротиба суд шудааст, ҳангоми кӯшиши ба фурӯш баровардани маводи мухаддир боздошт гардид.
Гуфта мешавад, ки Шокиров М. ин навбат дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои нашъаҷалоби трансмиллӣ амал карда, мехост маводи мухаддирро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.
Зимни кофтуков аз ӯ 9 килову 700 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳоло гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube