Рубрики Pressa

Дар Душанбе шӯрои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис ёфт


Бо қарори раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон, дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе шӯрои диссертатсионии байнидавлатӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ду ихтисоси самтӣ илмҳои техникӣ таъсис ёфт.

Ба ҳайати шӯро 14 нафар олимони шинохта аз Тоҷикистон ва Русия шомил шудаанд, ки таҷрибаи бузург дар соҳаи илму таҳқиқот доранд.

Тавре директори филиали донишгоҳ Рустам Ғанизода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, таъсиси шӯрои мазкур яке аз муҳимтарин дастовардҳои сол ба ҳисоб меравад.

“Ин қадами аввал ва яке аз муваффақиятҳои мо дар соли равон мебошад,” – зикр намуд Рустам Ғанизода.

Ҳадаф аз таъсиси шӯрои диссертатсионӣ мусоидат ба рушди таҳқиқоти илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои дифоъ ва эътирофи байналмилалии рисолаҳои илмӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *