Зимни нишасти матбуотӣ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати корхонаҳои аз ҳама зиёд қарздор аз андоз эълон шуданд.
Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, раиси ин кумита, қарзҳои бузурги андозӣ асосан ба чанде аз ширкату корхонаҳои муҳими кишвар тааллуқ доранд. ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ҷойи аввал қарор дорад, ки маблағи қарзи он ба 144 миллион сомонӣ расидааст.
Корхонаҳои дигари қарздори калон инҳоянд:
– Корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” – 30 миллион сомонӣ;
– Корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” – 22 миллион сомонӣ;
– Кони ангишти “Зиддӣ” – 19 миллион сомонӣ.
Раиси кумита таъкид кард, ки бо вуҷуди мавҷуд будани чунин қарзҳо, шумораи умумии корхонаҳое, ки дорои қарзҳои калонанд, дар солҳои охир коҳиш ёфтааст.
“Ин натиҷаи чорабиниҳои пайвастаи Кумита дар самти пардохти саривақтии андозҳо мебошад”,-таъкид дошт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube