Дар кӯчаю хиёбонҳои Душанбе рейдҳои махсус оид ба риояи қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон идома дорад. “Душанбенақлиётхадамотрасон” иттилоъ медиҳад, ки ин рейд аз 11 август оғоз ёфта, то 17 август давом мекунад.
Гурӯҳи махсус, ки аз намояндагони сохторҳои дахлдор иборат аст, ҳадаф дорад, то қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон, бехатарии ҳаракат, пардохти электронӣ, риояи либоси ронандагон ва фаъолияти ғайриқонунии таксиронро санҷиш намояд.
Бояд гуфт, ки дар пойтахт риоя нагардидани қоидаҳои мусофиркашонӣ, аз қабили гирифтани мусофирон аз меъёр зиёд, таваққуф дар ҷойҳои нодуруст, риоя нагардидани замон ва масири ҳаракат, инчунин қоидавайронкунии таксирон, боиси нигаронии сокинон гардидааст.
Мақомот таъкид мекунанд, ки чунин чорабиниҳо ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти мусофирон мусоидат хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube