Аз 11 то 14 августи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.
Дар ин нишаст Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат доранд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷаласа 12 масъалаи асосӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, иҷрои Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, рушди ҳамкориҳои иттилоотӣ дар муқобили ҷиноятҳои киберӣ, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба он баррасӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, ҷаласаи мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар мубориза бо ҷинояткорӣ миёни кишварҳои узви ИДМ мусоидат хоҳад кард.
Соли оянда ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube