Рубрики Pressa

Зиёда аз 637 миллион сомонӣ ба манфиати давлат баргардонда шуд


Дар шаш моҳи аввали соли 2025 кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 246 тафтишу санҷиш гузаронида, 624,1 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор карданд.

Тавре директори Агентӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ 616 миллион сомонӣ ё 98,7 фоизи маблағи зарар барқарор гардид.

Илова бар ин, аз ҳисоби рӯёнидани бақияҳои андоз, ҷуброни зарарҳои ошкоршудаи солҳои қаблӣ ва даромад аз зиёдомади молу мулк, боз 21,9 миллион сомонӣ ба давлат ворид шуд.

Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввали соли равон 637,9 миллион сомонӣ ба манфиати давлат баргардонда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *