Рубрики Pressa

Маърифати молиявӣ. Сармоягузорӣ дар оила


Аксар вақт «сармоя» гуфта, пеш аз ҳама пул ба ёдамон мерасад. Албатта, маблағ яке аз шаклҳои сармоя аст, вале дар асл ин мафҳум хеле васеътар аст. Сармоя ҳар чизест, ки ба мо қувват, имконият ва шароит медиҳад, то ояндаи беҳтар созем: пул, дониш, вақт, саломатӣ ва ҳатто меҳру муҳаббат.

Намудҳои асосии сармоя

Якум, пул ва дороӣ – пасандоз, хона, замин ё дигар дороиҳои моддӣ мебошанд.

Дуюм, дониш ва таҷриба – ҳар чӣ зиёдтар омӯзем, ба имкониятҳои бештар ноил мегардем.

Сеюм, муносибатҳо  дӯстӣ, эътимод ва дастгирӣ дар оилаву ҷомеа мебошад.

Чорум, арзишҳои маънавӣ – меҳрубонӣ, тарбия, фарҳанг ва ахлоқи солим аст.

Пас, сармоягузорӣ дар оила чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки захираҳои мавҷудаи худро барои беҳбудии аъзои оила сарф намоем. Масалан, барои ояндаи фарзандон пасандоз кунем. Барои саломатӣ вақт ва маблағ ҷудо кунем. Ба таҳсили кӯдакон бепарвоӣ накунему  диққати махсус диҳем. Зеро ояндаи дурахшони онҳо кафили зиндагии босаодат аст. Яъне, мо бо муҳаббат ва ғамхорӣ фазои орому самимиро дар зиндагӣ месозем.

Шояд шумо суол гузоред, ки чаро ин ҳамаи ин муҳим аст? Бо ин ҳама оила суботи молиявӣ пайдо мекунад ва аз мушкилот наметарсад. Фарзандон дар муҳити солим ба воя расида, шахсияти муваффақ мешаванд. Муносибатҳои меҳрубонона оиларо муттаҳидтар ва қавитар месозанд. Зимнан, оилаи устувор ба ҷомеа низ нерӯ мебахшад.

Сармоя танҳо дар бонк нест!

Сармоя на танҳо дар бонк аст, балки пеш аз ҳама дар хона аст. Ҳар дақиқаи босамар, меҳр, дониш ва маблағе, ки барои оила сарф мекунем, сармоягузории воқеӣ ба ояндаи фарзандон ва тамоми ҷомеа аст.

Бинобар ин, сармоя мафҳуме аст, ки на танҳо ба иқтисод, ба зиндагии ҳаррӯзаи инсон низ иртибот мегирад.

Пасандоз ва сармоягузории оқилона имкон медиҳанд, ки оила дар ҳолатҳои изтирорӣ ба мушкил рӯ ба рӯ нашавад ва барои ояндаи фарзандон заминаи устувор фароҳам орад.

Гузаронидани вақт ва харҷи захираҳои молиявӣ ба таҳсил, тарбия ва саломатии фарзандон сармоягузории дарозмуддат аст, ки самараи он солҳо идома мекунад. Оилаи муваффақ ҳамоне аст, ки  дар ҷомеа нақши созанда дошта бошад.

Бинобар ин, сармоя танҳо маблағ нест, балки маҷмӯи арзишҳо ва имкониятҳое аст, ки агар дуруст истифода шаванд, рушди шахс, оила ва ҷомеа таъмин мегардад.

Беҳуда нагуфтаанд, ки сармоягузорӣ дар оила – сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд на танҳо дар бонк, балки пеш аз ҳама дар оилаи худ сармоягузор бошад. Яъне, муносибати меҳрубонона ба оила ва наздикону пайвандон, зоеъ нагузаронидани вақту аз худ кардани донишҳои молиявӣ  асоси пешрафти ҳар инсон аст.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *