Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки марде 27 августи 2025 дар шоҳроҳи Шелковои Маскав бо корд ба кормандони пулис ҳамла кардааст, шаҳрванди Тоҷикистон нест.
Баъзе расонаҳои Русия пештар хабар доданд, ки ҳамлагар Шерафган Кунҷумов, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон аст. Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Кунҷумов Ш.М. шаҳрванди Тоҷикистон набуда, зодаи вилояти Саратов ва шаҳрвандии Русияро дорад.
ВКД Русия хабар додааст, ки Кунҷумов қаблан барои ҷиноятҳои террористӣ ба 7 сол зиндон маҳкум шуда ва моҳи майи соли 2025 озод шудааст. Додгоҳи Преображенскии Маскав ӯро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳабс гирифтааст.
Ҳамчунин, таъкид карда мешавад, ки ин ҳолат мисоли дигари паёмҳои нодурусти расонаҳои Русия мебошад, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бе далели кофӣ ба рӯйхати гумонбарон ворид мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube