(Идомаи мақолаи Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд)
11-уми марти соли 1985. Маскав зери кӯрпаи барфи сафед хуфта буд. Замин, ки дирӯз дар он аломати баҳор ҳувайдо буд, дубора ях баст. Барф на аз офтоб, на аз гармии баҳсҳои сиёсӣ майл ба об шудан надошт. Ҳатто аз нафаси оташбори Кремл. Ҳама нигоҳҳо ба сӯи деворҳои сурху боҳашаммати ин маркази идоракунии СССР дӯхта шуда буданд.
Дар пасманзари ин ҳама, империяи начандон солхӯрдаи дар остонаи фасли гузариш қарордоштаро як инқилоби ором интизор буд.
Дар толори дарҳояш пӯшидаи ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти ИҶШС раҳбарони кӯҳансол бо чеҳраҳои хаста, либосҳои сиёҳ ва чеҳраи гирифта атрофи миз нишаста буданд. Шишаҳои дору дар ҷайб, асоҳо дар зери курсӣ. Гӯё сарони як кишвари азим дар остонаи маросими видоъ қарор доштанд.
Саволе дар ҳаво муаллақ буд, ки ин чеҳраҳо ба он ҷавоб меҷустанд.
– Кӣ меояд, кӣ меравад?
Дар се соли охир се роҳбар – Леонид Брежнев, Юрий Андропов, Константин Черненко иваз шуданд. Ҳар кадоме бо ваъдаҳо омаданд, вале зуд он ваъдаҳоро бо худ бурданд. Чанде пеш, Константин Черненко – раҳбари кӯҳансол ва аз сиёсат хастагашта бо зиндагӣ падруд гуфт. Ва акнун, СССР – ин империяи саргардон боз бесар монда буд.
Империяе, ки қаблан аз забони “табъид” сухан мекард, акнун ба рукуд рафта буд. Дар фазои нигоҳҳо, дар сукути чеҳраҳо, дар ҳалқаи роҳбароне, ки худ пай бурда буданд, ки агар дигаргуние нашавад, ҳама чиз нобуд мегардад, интизории инқилоби хомӯш ба назар мерасид.
Онҳо байни ҳам гӯшӣ карда, номи Михаил Сергеевич Горбачёвро ба забон меоварданд. Аммо эҳтиёткорона, ки каси дигар нашунавад.
Ғалати роҳбари КГБ Юрий Андропов
Михаил Сергеевич Горбачёв чанд моҳ боз барои аксари раҳбарони солхӯрдаи Кремл ношинос буд. Ӯ, фарзанди деҳқони оддӣ аз Ставропол, дар давоми даҳ соли охир бо ҷаҳиши бесобиқа дар курсиҳои баланди ҳизбӣ, сари суфраҳои бузургони давлат роҳ ёфта буд.
“Камолот”-и Михаил Горбачёвро баъзеҳо ба Леонид Брежнев мансуб медонистанд, дигарон ӯро дастпарвари Юрий Андропов меҳисобиданд.
Вале ҳақиқати сиёсӣ чунин буд:
Шиносоии нахустини Михаил Горбачёв бо Юрий Андропов дар шаҳри Кисловодск сурат гирифта буд, маконе, ки Андропов ҳар сол барои истироҳат меомад. Мулоқоти онҳо аввал хусусияти ғайрирасмӣ дошт, аммо таъсири он дар масири минбаъдаи сиёсии Горбачёв амиқ буд. Андропов, ки дар он вақт сардори Кумитаи давлатии амнияти Иттиҳоди Шуравӣ (КГБ) буд, таваҷҷуҳи махсус ба ин сиёсатмадори ҷавон ва серҳаракат зоҳир кард.
Соли 1978, вақте Михаил Горбачёвро аз Ставропол ба Маскав даъват карданд, назорати мустақими ӯро худи Андропов ба уҳда гирифт. Андропов, ки дарк мекард, ки системаи Шуравӣ ниёз ба ислоҳот дорад, чунин меандешид: “Иттиҳод бояд дигар шавад. Барои ҳамин, мо ба чеҳраҳои нав, ба мағзҳои тоза ниёз дорем”.
Юрий Андропов дар симои Горбачёв ҳамон чеҳраи нав ва мағзи тозаро медид. Ӯ на танҳо ба рушди касбии ӯ мусоидат кард, балки дар интихоб шудани Горбачёв ба узвияти Бюрои сиёсии Ҳизби коммунист дар соли 1980 нақши ҳалкунанда бозид.
Бо пуштибонии шахсияте ба мисли Юрий Андропов, ки таъсири бузург дар низом дошт, Михаил Горбачёв тавонист ба маркази сиёсати Шуравӣ ворид шавад – қадаме муҳим, ки ниҳоят ӯро ба раҳбарии олии кишвар расонд.
Такя ба Михаил Горбачёв ғалате буд, ки баъдтар ислоҳи он имконнопазир гашт.
Горбачёв – пешвои тасодуфӣ ё талаби вақт
Дар ҷаласа, пас аз суҳбатҳои тӯлонии пирони сиёсат, вазири корҳои хориҷии СССР Андрей Грамико, сардори КГБ Виктор Чебриков, вазири мудофиа Дмитрий Устинов ва дигарон аз як ном ёдовар шуданд:
– Михаил Сергеевич Горбачёв.
Пас аз раъйдиҳӣ, ки он чандон ҳам махфӣ набуд, Михаил Горбачёв ба ҳайси Котиби генералии Ҳизби коммунисти Шуравӣ интихоб гардид.
Он рӯз, ки тақдири як кишвар ҳал мешуд, Маскав ором буд. Вале оромии пеш аз тӯфон.
Ҳамин тавр, дар синни 54-солагӣ Михаил Сергеевич Горбачёв Котиби генералии Кумитаи Марказии ҲКИШ интихоб гардид. Вай ҷавонтарин роҳбари Иттиҳоди Шуравӣ баъд аз Сталин буд.
Замоне, ки ӯ ба минбар баромад, фазо тағйир ёфт. Маскав, ки зери барфи яхбаста танг нафас мекашид, гӯё дубора “ҷон” гирифт.
“Мо бояд бозсозӣ кунем!”,- чунин буд аввалин шиори ӯ. Ин ҷумла он рӯз ба назар содда метофт. Аммо бо гузашти вақт рангу равиши дигар гирифт ва то ба сатҳи як шиори умумидавлатӣ боло рафт. Минбарҳо, мақолаҳо, барномаҳои телевизионӣ, суҳбатҳои саридастархон ва ҳатто шеърҳо аз “бозсозӣ” лабрез шуданд.
Михаил Горбачёв чун зирбаки деги ош меҷӯшид. Аммо кам касон медонистанд, ки кӣ гӯгирд мезанад ва оташи оташдонро бештар аланга медиҳад. Гӯгирд дар дасти бонуи хонадон буд. Ҳама ибтикорот аз мулоҳизаҳои хонаводагӣ сар мезад, аз суҳбатҳои шабона дар хонае, ки дар он на танҳо сиёсат, балки тақдири як давлат ҳал мешуд.
Пушти пардаи сиёсат ва ҷангҳои ҳокимият бонуи ҳушманде меистод, ки нақши муҳим дар шаклгирии ояндаи Иттиҳоди Шуравӣ дошт. Раиса Максимовна танҳо ҳамсафару ҳамсари Михаил Горбачёв набуд. Ӯ мушовири воқеӣ, нозири андешаву қарорҳо ва ҳатто ташаббускори баъзе ислоҳоти муҳим барои кишвар буд.
Хатмкардаи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав, Раиса Максимовна бо ақлу зеҳни тез ва ҷаҳонбинии амиқаш барои Михаил ба шарике табдил ёфт, ки аз андешаи як ҳамсар берун мерафт. Ӯ китоб мехонд, таърих ва фалсафа меомӯхт, сиёсати ҷаҳони Ғарбро таҳлил мекард ва фикрҳояшро бо ҷуръате баён мекард, ки ҳатто баъзе аъзои Политбюро дар ҳайрат мемонданд.
Чун Шаҳризоди замони худ, сухани ӯ дар паси саҳна, аммо дар маркази тасмимгириҳо буданд. Бисёриҳо мегуфтанд, ки бе Раиса, Михаил Горбачёв Горбачёв намешуд.
Фалсафа бо сиёсат омехт. Аммо на ҳамеша фалсафа наҷотдиҳандаи воқеият аст. Хусусан замоне, ки ба роҳ аз поён менигаранд, на аз боло. Раиса, бо ҳама самимияту эҳсоси инсонӣ, шояд бештар идеалист буд. Ӯ мехост кишвари азими Шуравӣ рӯ ба фарҳанг, ошкорбаёнӣ ва инсонгароӣ орад. Вале дар зери пояш кӯҳҳои мушкилоти иқтисодӣ, нажодӣ, сиёсии даҳсолаҳо ҷамъшуда мехобиданд.
Шояд маҳз ҳамон иродаи шахсии ӯ, ки мехост ба ҷаҳон чеҳраи фарҳангии як давлати коммунистиро нишон диҳад, Михаил Сергеевичро ба иқдомҳое тела дод, ки боиси аз даст рафтани назорат гашт. Вақте иқдомҳо аз андеша ҷудо мешаванд, фоҷиа наздик аст. Ва фоҷиа наздик шуд…
Михаил Горбачёв шояд роҳбари дигар мебуд, агар ӯро ҳамсари дигар мебуд. Ва шояд Иттиҳоди Шуравӣ ҳанӯз умр мебурд, агар Раиса Максимовна – зани зебо, доно, вале мудохилакор ақибтар менишаст ва ҷояшро ба ниҳодҳои коршиносӣ медод.
Вале таърихро бо “агар” навиштан наметавон…
Имрӯз, вақте номи “бозсозӣ” бо фурӯпошии як кишвари абарқудрат ҳамсадо мешавад, сояи латиф ва ҳамзамон пурнуфузи Раиса Максимовна аз паси парда ҳамчун шарики як таҷрибаи бузурги шикастхӯрдаи таърих намоён мегардад.
Шерализода ва пайки бозсозӣ
Дар пасманзари ислоҳоти сиёсӣ, ки аз Кремл оғоз ёфт, дар ҷумҳуриҳои Шуравӣ чеҳраҳои нав дар саҳнаи сиёсат зуҳур мекарданд, чеҳраҳое, ки аз бюрократҳои хаста ва идеологҳои кӯҳнашудаи даврони Константин Черненко фарқ доштанд. Яке аз ҳамин гуна чеҳраҳо Муродуллоҳ Шерализода буд, сиёсатмадоре, ки бо насими “бозсозӣ” ба саҳнаи сиёсат омад.
Пас аз нӯҳ соли хидмат дар Афғонистон, обутоб дар оғӯши як ҷанги гарми геополитикӣ ва мактаби зиндаи сиёсату сиёсатмадорӣ ӯ ба Тоҷикистон баргашт. Вай бо худ таҷрибаи нодири сиёсӣ, дипломатӣ ва инсониро, ки кам касе дар муҳити сарбаста ва шиорзадаи он солҳо дошт, оварда буд.
Дар Институти таърихи ҳизб, ки дар паҳлуи Кумитаи Марказӣ ҷойгир буд, Шерализода рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Нақши идеология дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” бо муваффақият ҳимоя кард. Вале ӯ аз он муҳити илмии маъмулии шахшуда қонеъ набуд. Шерализода зеҳни бедору қалами бурро дошт. Ӯ дар маҳфилҳои ҷамъияти “Дониш” бо таҳлилҳои тоза баромад мекард, суханҳоеро ба забон меовард, ки мусоҳибон ва идеологҳои ҳизбиро ба тааҷҷуб меандохт.
Дар заминаи бюрократияи пӯсидаи ҳизбӣ ва миёни чеҳраҳои такрорӣ, симои ӯ, бо таҷрибаи Афғонистон, бо нутқи зинда ва бо чеҳраи бозе, ки рамзи рӯҳияи нави бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ буд, фарқ мекард. Вайро мешинохтанд, мешуниданд ва пас аз муддате ба ӯ даъват ба амал омад: кор дар шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.
(Давом дорад)
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube