Рубрики Pressa

Донишҷӯёни тоҷик ба Туркия мераванд


Имсол 68 донишҷӯйи тоҷик тариқи барномаи “Бурсияҳои Туркия-2025” ба донишгоҳҳои Туркия қабул гардидаанд.

Дар ин бора Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, гуфтааст, ки донишҷӯёни қабулшуда то 19-уми сентябри соли ҷорӣ имкони анҷоми расмиёти заруриро доранд.

Ӯ бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик эълон кардааст, ки раводиди таълимӣ баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз сӯи сафорат ройгон дода мешавад.

Сафир тавсия додааст, ки барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи консулии сафорати Туркия дар Тоҷикистон ва барои гирифтани раводид ба Маркази дархости раводиди “ABC” муроҷиат кунанд.

Инчунин, донишҷӯёни тоҷик метавонанд саволҳои худро тариқи почтаи электронии [email protected] ирсол кунанд.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳамаи ин нафарон ройгон ба муассисаҳои олии Туркия қабул шуда, таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи сафири Туркия, имсол барои таҳсил дар ин кишвар тариқи “Бурсияҳои Туркия-2025” аз 171 кишвари ҷаҳон 123 ҳазор довталаб ҳуҷҷат супорида, ба номзадҳои пирӯз баъди супоридани имтиҳон номаи қабул ба донишгоҳ фиристода шудааст.

Бояд гуфт, ки Вазорати маорифи кишвар соле пеш гуфта буд, беш аз 900 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои олии кишвари Туркия таҳсил мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *