Пас аз эътирози Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ, давлати Суид сӯзондани Қуръон дар ин кишварро “исломситезона” хонд ва онро маҳкум кард.
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Суид омадааст: “давлати Суид комилан мутаваҷҷеҳ аст, ки иқдоми исломситезонаи афроде дар тазоҳурот, метавонад барои мусулмонон тавҳиномез бошад.”
“Мо ин иқдомотро шадидан маҳкум мекунем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дидгоҳи давлати Суид нестанд.”
Дар ин баёния ҳамчунин омада: “сӯзондани Қуръон ва ҳар матни муқаддаси дигар тавҳиномез ва беэҳтиромӣ ва иқдоми ошкоро таҳрикомез аст. Ибрози нижодпарастӣ ва бегонаҳаросӣ ва адами мудоро ҳеҷ ҷойгоҳе дар Суид ва Аврупо надорад.”
Дар ҳамин ҳол вазорати хориҷаи Суид таъкид кард, ки тибқи қонуни асосии ин кишвар ба озодии таҷаммӯъ, баён ва тазоҳурот пойбанд аст.
Фарде, ки Қуръонро оташ зад барои ибрози назари аланӣ аз пулиси Суид муҷаввиз гирифта буд аммо бо таваҷҷуҳ ба сӯзондани Қуръон дар наздикии як масҷид, пулис бо гумони “эҷоди ташвиш барои як гурӯҳи қавмӣ”, таҳқиқ дар ин бораро оғоз кардааст.
Баёнияи вазорати хориҷаи Суид пас аз нишасти вижа ва судури баёнияи Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ мунташир шуд.
Ироқ Қувейт, Аморат ва Марокаш сафири Суидро дар эътироз фаро хонданд ва давлати Эрон эъзоми сафир ба Стокголмро мутаваққиф кард.
57 кишвари Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ якшанбе дар нишасти изтирорӣ дар Ҷиддаи Арабистон, ки намояндаи Эрон низ дар он ҳозир буд, хостори иқдомоти ҷамъӣ барои ҷилавгирӣ аз такрори сӯзондани Қуръон дар оянда шуданд.
Эрон дар эътироз ба оташ задани Қуръон дар Суид ва ҳукми додгоҳи ин кишвар бар адами дахолати пулис барои ҷилавгирӣ аз ин иқдом, раванди эъзоми сафир ба Стокголмро мутаваққиф кард.
Ҳамзамон Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ нишасти изтирорӣ дар Ҷиддаи Арабистон баргузор кард, ки намояндаи Эрон низ дар он ҳозир буд.
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон дар твитте гуфта, ки бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ ба унвони сафири ҷадид дар Суид рӯзи гузашта дидор ва гуфтугӯ карда, аммо феълан раванди эъзоми сафир ба Суид ба далели иқдоми давлати ин кишвар дар мавриди судури муҷаввиз барои “ҷасорат ба соҳат Қуръони карим” мутаваққиф шудааст.
Ахиран додгоҳе дар Суид ҳукм дод, ки мулоҳизоти амниятӣ набояд боис шавад озодии баён ва дигар ҳуқуқҳои дарҷшуда дар қонуни асосии ин кишвар маҳдуд шавад. Пас аз судури ин ҳукм ҳамзамон бо Иди Қурбон, фарди асолатан ироқӣ, нусхае аз Қуръонро дар Суид ба оташ кашид, ки бо интиқодоти фаровоне дар кишварҳои мусулмон ҳамроҳ шуд.
Таваққуфи эъзоми сафири Эрон ба Стокголм дар ҳоле рух медиҳад, ки дар чанд соли гузашта давлати Эрон ва Суид равобити пуртанишеро аз сар гузаронданд. Давлати Эрон борҳо Суидро ба “парвандасозии сиёсӣ ва нақзи ҳуқуқ”-и Ҳамид Нурӣ муттаҳам кард, ки дар иртибот бо нақшаш дар куштори ҳазорон зиндониёни сиёсӣ дар Суид дастгир, муҳокима ва ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Ҳукумати Эрон ҳамчунин дар чанд сол борҳо видеоҳо ва филмҳое пахш карда, ки дар он муддаӣ шуда Созмони амнияти Суид аз “ҷудоииталабон” ва ҳамчунин мухолифони ҳукумати Эрон пуштибонӣ мекунад.
Созмони ҳамкории исломӣ: Ҳатки ҳурмат ба Қуръон сирфан исломҳаросӣ нест
Кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти изтирории дирӯзи Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷиддаи Арабистон хостори иқдомоти ҷамъӣ барои ҷилавгирӣ аз такрори сӯзондани Қуръон дар оянда шуданд.
Ин нишаст дар пайи ба оташ кашида шудан як нусха аз Қуръон ба дасти як шаҳрванди суидӣ-ироқӣ дар рӯзи Иди Қурбон баргузор шуд.
Бар асоси баёниае, ки дар поёни ин нишасти фавқулъода мунташир шуд, Созмони ҳамкории исломӣ аз кишварҳои узв хост то “иқдомоти якпорча ва ҷамъиро барои ҷилавгирӣ аз такрори ҳатки ҳурмат ба Қуръон” иттихоз кунанд.
Дар ин баёния омада, ки Ҳасан Иброҳим Тоҳо, дабири кулли ин ниҳод “бар лузуми ирсоли паёме равшан таъкид карда, ки ҳатки ҳурмат ба Қуръон сирфан як масъалаи исломҳаросӣ нест.”
Дар бахши дигаре аз ин баёния омада: “мо бояд ба таври мустамар ба ҷомеаи байналмилал дар мавриди эъмоли фаврии қавонини байналмилалӣ ёдоварӣ кунем. Қавонине, ки ба вузӯҳи ҳар гуна ҳимоят аз нафрати мазҳабиро мамнӯъ мекунад.”
Дар пайи ин иқдом, аксари кишварҳои исломӣ, сафирони Суидро дар пойтахтҳои худ эҳзор карда ва оташ задани Қуръонро маҳкум карданд.
Дафтари намояндагии Эрон назди Созмони ҳамкории исломӣ январи 2022 бо эъзоми се дипломат пас аз шаш сол дар Ҷиддаи Арабистон бозкушоӣ шуд.
Панҷоҳуҳафт кишвар узви Созмони ҳамкории исломӣ ҳастанд. Эрон аз поягузорони ин ниҳод аст, ки пештар Созмони конфронси исломӣ ном дошт ва дар нишасти сарони шуморе аз кишварҳои исломӣ дар Марокаш дар соли 1969 поягузорӣ шуд. Гумон меравад пас аз оддисозии равобити Эрон ва Арабистон бори дигар таъсиргузории ин Созмон низ афзоиш ёбад.
Бисёре аз нишастҳои ин Созмон дар Ҷиддаи Арабистон баргузор мешавад. Ҳарчанд кишварҳои дигари узв ҳам мизбонии иҷлоси сарон ё нишастҳои муҳимми онро бар ӯҳда доштаанд.
Ин нишаст ба даъвати Арабистони Саудӣ ва барои муқобила бо он чи, ки “аъмоли нафратангез” хонда шуда, ташкил шуд. Арабистон пеш аз ин оташ задани Қуръон тавассути як паноҳҷуйи ироқиалслро дар беруни масҷиде дар Стокголм, ки дар рӯзи иъди Қурбон анҷом шуд, маҳкум карда буд.