Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз содиршавии ҷинояти одамкушӣ ва саривақт ошкор нашудани онҳо дар кишвар нигаронӣ карда, аз зердастони худ талаб кардаанд, ки “қатлҳои солҳои гузашта, ки ҳануз кушода нашудаанд, таҳқиқ ва ошкор карда шавад”.
Ин масъала дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки рӯзи 29-уми август дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералӣ ва роҳбарони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор шуд, баррасӣ гардидааст.
Онҳо дар якҷоягӣ, ҳолати содиршавии ҷинояти одамкушӣ, сабабҳои сари вақт ошкор нашудани ин ҷиноятҳо, амалияи тафтишотӣ-судӣ ва самаранокии чорабиниҳои оперативӣ-ҷутуҷӯӣ вобаста ба чунин ҷиноятҳо дар 4 соли охир ва 6 моҳи соли 2025 мавриди баррасӣ қарор додаанд.
“Дар ин ҷода диққати масъулини мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амният ба ошкор намудани ҷиноятҳои одамкушии нокушодаи солҳои пешин ҷалб карда шуда, муваззаф карда шуданд, ки баҳри ошкор намудани онҳо тадбирҳои судманд андешанд”,-навиштааст сомонаи Прокуратура.
Мақомот ҳамчунин, натиҷаи тафтиши силсилакушторҳои соли 2024 ва сабабу омилҳои содиршудани онҳоро баррасӣ кардаанд. Дар ҷаласаи Шӯро, инчунин даст ба ҷиноят задани онҳое, ки қаблан барои одамкушӣ зиндонӣ шуда буданд, мавриди таҳлил қарор гирифта, таъкид шудааст, ки рафтори минбаъдаи собиқ маҳкумшудагон назорат карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube