Рубрики Pressa

Дар Бохтар рушди устувори ҳама соҳаҳо таъмин гардидааст


Шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дасгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар, МИҲД-и вилояти Хатлон ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти шаҳр дар якҷоягӣ бо ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва мардуми меҳандӯсташ ба маротиб рушд карда, ба як шаҳри тараққикарда ва пешрафтаи кишвар табдил ёфтааст.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид Мубин, барои некӯаҳволии сокинони шаҳр ҳама шароит фароҳам оварда шуда, баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр давоми 6 моҳи соли 2025 корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Иҷроиши буҷет

Нақшаи қисми даромади буҷет аз рўи контингенти умумӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 167,6 млн сомонии пешбинигардида 173,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки он нисбати нақша 5,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низ ба андозаи 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 141 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки он нисбат ба нақша 3,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ низ 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 95 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбати нақша 1,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 96,2 млн сомонии пешбинигардида 93,6 млн сомонӣ харҷ гардидааст, ки ин баробари 97 фоизи нақша мебошад.

Ҳамзамон, 46 млн сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят равона гардидааст, ки иҷроиш 104 фоиз таъмин гашта, нисбати нақша 1,8 млн сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,2 млн сомонӣ зиёд равона гардидааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар тариқи «Равзанаи ягона» 6409 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд  гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 427 адад зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 660 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин 36 ҷойи кор аз ҳисоби иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Ҷиҳати таъмини рушди устувори шаҳр Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2021-2025 иборат аз 86 лоиҳа қабул гардида, соли 2023 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 29-уми сентябри соли 2023, № 196 ба Барнома як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, ки шумораи лоиҳаҳо 114 адад ва арзиши он 1 млрд 556 млн 255 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст.

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2025-ум 64 лоиҳа ба маблағи 1 млрд 214,6 млн сомонӣ пурра амалӣ гардида, 37 лоиҳа ба маблағи 255,6 млн сомонӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии корҳои иҷрошуда 1 млрд 470,5 млн сомонӣ ё худ 94,5 фоизи барномаро дар бар мегирад.

Дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ таҳти амал қарор дорад, ки маблағгузории онҳо 233,7 млн долларро дар бар мегирад.

Ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва додани қарзҳои имтиёзнок ба онҳо чораҷўӣ гардида, тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Бонки миллӣ дар шаҳр, дар 6 моҳи соли 2025 ба маблағи 319,8 млн сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 61,8 млн сомонӣ ё худ 24 фоиз зиёд мебошад.

Рушди саноат

Дар давраи ҳисоботӣ маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 178,8 млн сомониро ташкил дода, афзоиш ба 116,3 фоиз баробар шудааст, ки аз ин ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ – 93,4 млн сомонӣ (52,2 фоиз) ва сектори хусусӣ – 85,4 млн сомонӣ (47,8 фоиз) мебошад.

Аз 58 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ 43-тоаш нисбатан фаъолияти хуб намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта то 4 баробар, ё ин ки 25 млн сомонӣ зиёд намудаанд.

Дар доираи 5-солаи рушди соҳаи саноат ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ шудаааст, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони 4 адади онҳо дар соли 2025 пешбинӣ гардида, то имрўз корҳои сохтмонӣ дар онҳо ҷараён доранд.

Айни замон дар шаҳр 58 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, самти фаъолияти 12 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, 21 адад ба истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, 3 адад ба коркарди пахта, 12 адад ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва 10 адади дигар ба истеҳсоли маҳсулоти чӯбин, чопи газетаҳо, маводи шустушўӣ, трансформаторҳо, дучарха, барқ ва об равона гардидааст.

Сохтмон ва меъморӣ

Ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар шаҳр аз ҳисоби сармоягузорон 123 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 млн сомонӣ зиёд буда, 157,7 фоизро дар бар мегирад.

Ҳамчунин ба маблағи 26 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд, ки он мутаносибан ба маблағи 11,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ дар шаҳр 87,6 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 158,5 фоиз ва ё худ ба маблағи 32,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба масоҳати 12261 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4174 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохтмони биноҳои таълимии иловагӣ дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 6, 8 ва азнавсозии Варзишгоҳи марказии “Пахтакор” ҷараён дорад, ки то имрўз корҳои иҷрошуда 3,2 млн сомониро дар бар мегирад.

Соҳаи нақлиёт

Дарозии умумии роҳҳои шаҳр 148,4 километр буда, аз он 4,5 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 10,6 километр ҷумҳуриявӣ, 133,3 километр маҳаллӣ, аз ҷумла 40 километр роҳҳои тобеи ташкилоту идораҳо ва 46,2 километр роҳҳои байни хоҷагӣ мебошад.

Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳр дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз буҷети маҳаллӣ 136,4 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар масоҳати 718 метри мураббаъ таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, ба дарозии 1,7 км хатҳои уфуқӣ кашида шудаанд. Инчунин дар масоҳати 439 метри мураббаъ гузаргоҳҳои пиёдагардон ва 724 метри мураббаъ сангҳои канори роҳҳо (бардюрҳо) рангубор карда шудаанд.

Дар шаҳр 15 муассисаи нақлиётӣ (14 муассисаи хусусӣ ва 1 муассисаи ҷамъиятӣ) фаъолият доранд, ки 13 ададаш интиқолдиҳанда ва 3 адад терминал буда, ба 67 хатсайрҳо, аз ҷумла 35 наздишаҳрӣ, 19 байнишаҳрӣ ва 13 дохилишаҳрӣ хизмат мерасонанд.

Рушди соҳаи кишоварзӣ

Дар 6 моҳи соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 89,8 млн сомониро ташкил дода, афзоиш 128,2 фоиз таъмин гардидааст, ки ҳиссаи растанипарварӣ 96 фоиз ва чорводорӣ 4 фоизро дар бар мегирад.

То имрўз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1105 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуда, аз он пахта 250 гектар, картошка 70 гектар, сабзавот 517,3 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 79 гектарро дар бар мегирад.

Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 3999 сар, аз ҷумла модагов 2058 сар, чорвои майда 6249 сар, паранда 9167 сар ва асп ба 19 сар расонида шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ – 579,5 тонна, картошка – 992,6 тонна, сабзавотӣ – 11486,8 тонна, меваҷот – 805,8 тонна, гўшт – 39,9 тонна, шир – 253,8 тонна, тухм – 161,8 ҳазор донаро ташкил додааст.

Маориф ва илм

Дар 24 муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳри Бохтар 3595 кўдак ва дар Маркази инкишофи кўдакон дар 34 гурўҳ 814 кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 31 фоизи умумии кўдакони синни томактабироташкил медиҳад.

Дар охири соли таҳсили 2024-2025 шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 24 адад расида, аз он 5 литсей, 1 гимназия, 1 мактаби инноватсионӣ ва 17 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар бар гирифта, дар онҳо 30510 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 1427 нафар зиёд мебошанд.

Шумораи омўзгорони шаҳр 1340 нафар, аз ҷумла занон 1014 нафарро (78%) ташкил намуда, омўзгорони дорои маълумоти олӣ ба 78 фоизи шумораи умумии омўзгорон расонида шуда, эҳтиёҷ ба кадрҳои омўзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр вуҷуд надорад.

Аз 1335 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳр дар марҳилаи якум 1249 нафар тибқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин 93,6 фоизи хатмкунандагонро дар бар мегирад. 

Дар доираи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр айни ҳол дар 54 синфхонаи компютерӣ 1558 компютер ва 140 принтер мавҷуд буда, 55 тахтаи электронӣ ва 56 проектор мавриди истифода қарор дошта, рафти таълим дар синфхонаҳо тавассути 1215 адад камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

Соли хониши 2024-2025 хонандагони шаҳр дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, то имрўз соҳиби 157 медал, аз ҷумла 14 медали тилло, 16 медали нуқра, 113 медали биринчӣ ва 14 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд, ки нисбати соли хониши гузашта 36 медал зиёд мебошад.

Соҳаи тандурустӣ

Дар шаҳр ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатии шаҳрвандон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 6 адад муассисаи хусусӣ (Маркази тиббии «Даво», Маркази тиббии «Хатлон» ва маркази саломатии “Акси шифо”, “Суман”, “Дурахш” ва “Ҳаёти солим”) ва 22 адад муассисаҳои тиббии вилоятӣ, 17 адад ҳуҷраҳои давлатию хусусии даҳонпизишкӣ, 10 адад ҳуҷраҳои ташхисии ултрасадо ва 110 адад дорухонаҳо ба аҳолии шаҳр ва берун аз он хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар сохтори госпиталии шаҳр шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози дарунӣ, эҳёгарӣ ва таҳлилгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 120 кати хоб мавҷуд буда, шумораи коргарон 288 нафар, аз ҷумла духтурон 32 нафар, 150 нафар кормандони миёнаи тиб, 74 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 32 нафарашонро кормандони хоҷагидорӣ ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии кормандони сохтори госпиталӣ 230 нафарашон занон мебошанд.

Дар 6 моҳи соли 2025 дар сохтори госпиталии шаҳр 2920 нафар беморон бистарӣ гардида, 2118 нафари онҳо табобат ёфтаанд.

Дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 467 нафар мутахассисон ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ расонида, аз байни онҳо 116 нафарашон духтур, 301 нафар кормандони миёнаи тиб, 26 нафари табибони оилавӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони муассисаи мазкур 57 ҳазору 985 нафар беморонро қабул намуда, дар чанд марҳила 536 ҳазору 11 нафар шаҳрвандонро дар хонаҳо муоинаи тиббӣ намудаанд.

Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар ин давра ба 9507 нафар муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ расонидааст, ки аз ин 6390 нафарашон тавассути нақлиёт ва 3105 нафарашон худашон ба марказ ҳозир шудаанд. 

Фарҳанг

Дар бахши фарҳанги шаҳри Бохтар 176 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Дар шаҳр 37 муассисаҳои фарҳангӣ (4 адад вилоятӣ), аз ҷумла 12 адад гулгаштҳо, 8 адад майдонҳои таърихиву фароғатӣ, китобхонаи марказӣ бо 5 адад филиал, китобхонаи бачагона, кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳр, клуб, театри халқӣ, ду боғи фарҳангӣ, мактаби бачагонаи санъат, осорхона ва ансамбли рақсии «Ситора» фаъолият доранд.

Дар китобхонаи марказӣ ва бахшҳои он 54 ҳазору 858 нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумораи адабиёт 20091 нусха бо забони тоҷикӣ, 33423 нусха бо забони русӣ ва 1344 нусха бо дигар забонҳо   мебошад.

Ҷавонон ва варзиш

Барои рушди варзиш дар шаҳр 3 варзишгоҳ, мактаби варзишӣ, 34 толори варзишӣ, 98 майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла 18 адад майдончаҳои футболи хурд, 2 майдони теннис ва 2 ҳавзи шиноварӣ дар истифодаи умум мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба онҳо зиёда аз 652 нафар ҷавонон ва наврасон ҷалб гардидаанд, ки аз ин 190 нафарашонро духтарон ташкил дода, ба онҳо 26 нафар мураббиён аз рўи 16 намуди варзиш ҳамарўза тамрин менамоянд.

Дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2025 варзишгарони шаҳр дар ҳайати 247 нафар ба 6 чемпионат, 4 мусобиқаи байналмилалӣ ва 15 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ сафарбар гардида, 126 медал, аз ҷумла 35 медали тилло, 43 медали нуқра ва 48 медали биринҷиро ба даст овардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 медал зиёд мебошад.

Баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони шаҳр ба 59 нафар донишҷўён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ стипендияи президентӣ, 2 нафар стипендияи раиси вилоят ва ба 70 нафар стипендияи раиси шаҳр таъин карда шудааст.

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 11-уми феврали соли 2022, №50 “Дар бораи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси қарори раиси шаҳри Бохтар аз 30-юми марти соли 2022, №190 гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, то имрўз нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ иборат аз 300 банд ба маблағи умумии 1 млрд 183,2 млн сомонӣ таҳия гардидааст.

Дар давоми 7 моҳи сипаришуда дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур 5 адад бинои истиқоматии баландошёна, 6 адад майдончаҳои бозии кўдакона ва 9 адад нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар умум дар давоми соли 2025 бунёди 62 биною иншоот пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1-уми августи соли ҷорӣ 20 иншоот ба маблағи умумии 32,8 млн сомонӣ бо таъсиси 101 ҷои кори доимӣ ва 155 ҷойҳои муваққатӣ ба истифода дода шудааст, ки ин 32 фоизи нақшаи соли 2025-ро дар бар мегирад.

Аз рӯйи иҷрои нақшаи умумӣ бошад, аз соли 2022 то имрўз 197 адад иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин 66 фоизи нақшаи умумиро дар бар мегирад.

Тавре раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид Мубин иброз дошт, маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар шаҳр густариши тоза пайдо намуда, дар ин замина рушди устувори ҳама соҳаҳо таъмин гардидааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *