Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки нисбати Фирӯзамоҳ Давлатова, сокини 41-солаи пойтахт маъруф ба “Фирӯзаи бренд”, чораҳои қонунӣ андешида шуданд.
Бо вуҷуди он ки қаблан барои бадгуфторӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин маротиба ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд, Давлатова рафтори худро ислоҳ накарда, ҳамоно дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо алфози қабеҳ баромад мекард, ки ин боиси вокунишҳои зиёди шаҳрвандон гардид.
Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД нисбати ӯ протоколи маъмурӣ тартиб дода, парванда ба суд ирсол шуд. Бо қарори суд, Давлатова ба муҳлати 12 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube