Дар вилояти Суғд давоми соли равон 16 нафар дар кӯлу дарёҳо ғарқ шуда, фавтиданд. Ҷустуҷӯйи 2 ҷасад то ҳол идома дорад.
Дар ин бора Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, ки теъдоди ғарқшудагон дар муқоиса соли гузашта 8 нафар кам мебошанд. Зимнан, аз тарафи наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд 10 нафар ҳангоми ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.
Гуфта мешавад, ки аз шумораи умумии ғарқшудагон аксарияташон ноболиғон буда, дар мавсими оббозии имсола бештар бо сабаби дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ кардан ғарқ шуда ба ҳалокат расидаанд.
Бештари ҳодисаҳои ғарқшавӣ бошад, дар Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, ки ду пули мошингузар дорад, ба қайд гирифта шудааст. Яъне, сокинон бо мақсади худкушӣ низ худро аз болои ин ду купрук ба дарё мепартоянд.
Видео дар телеграмканали Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube