Рубрики Хабарҳо

Даргузашти мармузи ҳамсари Раҳмон Набиев

Ҳамсари Раҳмон Набиев, раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон бар асари оташгирии хонааш, имрӯз 28–уми декабр, даргузаштааст.

Asia-Plus, соате пеш хабар дод, ки Майрам Набиева, ҳамсари 78–солаи Раҳмон Набиев, ҳангоми сӯхтор дар хонааш дар маркази шаҳри Хуҷанд танҳо буда ва бар асари заҳролудшавӣ аз нашри гази карбон даргузаштааст.

То ҳанӯз иллати сӯхтор муайян нашуда, аммо масъулин фарзияи пешакиро истифодаи нодурусти дастгоҳҳои барқӣ эълон кардаанд.

Худи раиси ҷумҳури собиқи Тоҷикистон, Раҳмон Набиев низ, соли 1993 дар хонааш ба таври мармуз даргузашт ва ҳамсараш зимни мусоҳиба бо Азия-плюс гуфта буд, ки шавҳарашро куштаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *