9 сентябр дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар тантанаи идона муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, собиқадорон, сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ширкат варзиданд.
Масъулин иштирокчиён ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлол бо ифтихор табрик намуда, таъкид доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад. Маҳз ба шарофати истиқлол миллати тоҷик тавонист давлати миллии худро эҳё намуда, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллию маънавии худро рушд диҳад.
Зикр шуд, ки дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ заминаи устувори рушду пешрафти кишвар фароҳам оварда шуд. Дар ин давра соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо рушд ёфта, шароити зиндагии мардум беҳтар гардидааст.
Аз дастовардҳои бузурги замони истиқлол сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ном бурда шуд, ки бо заҳмат ва фидокории мардум ба даст омадаанд. Тавре қайд гардид, ҳифзи ин арзишҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардида, бо намоиши рақсҳо ва сурудҳои миллии идона табъи иштирокдоронро болида гардонд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube