Рӯзҳои 26-28-уми сентябр дар шаҳри Тсиндаои Чин аз силсилаи мусобиқоти IJF World Tour мусобиқаи Qingdao Grand Prix-2025 баргузор мешавад, ки беҳтарин ҷудоокорони сайёраро гирд меорад.
Дар ин мусобиқа имтиёзҳои рейтингӣ дода мешаванд, ки ба роҳхат барои ширкат дар Олимпиадаи соли 2028 таъсир мерасонанд. Ҳамчунин, ғолибон бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонда мешаванд.
Ҷудокорони тоҷик дар ҳайати 11 паҳлавон дастаи мунтахаби Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард. Инҳо дар вазни 60 кг Меҳрзод Сӯфиев ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов, дар вазни 66 кг Обид Ҷебов, дар вазни 73 кг Абубакр Шеров, 73 кг Масъуди Аҳмадзод, 81 кг Сомон Маҳмадбеков, 90 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов байни мардон ва дар вазни 48 кг Аҳлия Муъминова, 57 кг Александра Кан, +78 кг Виктория Киселёва дар байни занон ҳастанд.
Бояд гуфт, рӯзҳои 13-14-уми сентябр дар Ҷакартаи Индонезӣ Чемпионати ҷудои Осиё миёни наврасон баргузор мешавад, ки дар он аз Тоҷикистон Лоиқ Қутбуддинов ва Икром Шамсов дар вазни 60 кг, Магомед Фармонбеков ва Умар Шеров 66 кг, Муҳаммадин Лоиқов ва Фирӯз Маҳмадбеков 73 кг, Абдулло Лоиқов ва Абубакр Абдуҷалилзода 81 кг, Суруш Саломов ва Муслим Маҳмадбеков 90 кг, Мадина Қурбонзода 52 кг, Александра Кан 57 кг ва Виктория Киселёва +78 кг ширкат мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube