Шаби 884-уми маҷаллаи маъруфи фарҳангии «Бухоро» бо ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ба бузургдошти шоири шинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ бахшида шуд.
Ин ҳамоиш, ки шоми 10 сентябри соли равон дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, дар фазои фарҳангӣ ва гарми дӯстӣ ҷараён гирифта, садҳо дӯстдорони адабиёт ва фарҳанги тоҷику форсро гирди ҳам овард.
Меҳмони вежаи шаб доктор Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ – шоир, пажӯҳишгар ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири Эрон буд, ки бо суханони пурмуҳтаво аз ҷойгоҳи адабии Фарзонаи Хуҷандӣ ёдовар шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube