11 сентябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри санг мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
Ин осорхонаи таърихии ноҳияи Ховалинг ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла асри санг, асрҳои миёнаи барвақт, давраи антиқа, миёнаи охир, қарнҳои 18-19 ва баъди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон барои худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни ғановатманди миллати тоҷик нақши бориз мегузорад.
Пас аз шиносоӣ бо Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара, ки каме дуртар аз осорхона ҷойгир мебошад, боздид намуданд.
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон иттилоъ дода шуд, ки Кӯлдараи Ховалинг қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ин мавзеъ бошишгоҳҳои замони асри санг – полеолити поин ёфт шудааст.
Ёдгориҳои бозёфтшудаи мавзеи таърихии Кӯлдара аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз 1 миллион сол пеш дар ин ҷо одамони қадима “Ҳомо эректус”-ҳо умр ба сар мебурданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube