Радослав Дарски, муовини мудири раёсати сиёсати аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистонро Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин кардаанд.
Аз соли 2022 дар ин мақом дилпомат аз Литва Раймундас Кароблис кор мекард. Ӯ раиси Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Покистон таъйин шудааст.
Сафири навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хатмкардаи бахши равобити байналмилалӣ аз Донишгоҳи Вротслави Лаҳистон буда, забонҳои русӣ, англисӣ ва лаҳистониро медонад. Ӯ дар гузашта дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Беларус кор кардааст. Гуфта мешавад, ки рӯзи 5-уми сентябр сафири нав ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон эътимоднома супоридааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube