Рубрики Pressa

Сафари Президент ба Ховалинг — Pressa.tj


Имрӯз, 11 сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Нахуст бо иштироки Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти таълимӣ аз ҷониби соҳибкор Абдулло Ҳасанов бунёд гардидааст.

Бинои  муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи таълимии муосир дорои китобхонаи электронӣ, толори варзишии болопушида, майдончаи варзишӣ, синфхонаҳои махсуси фаннӣ, ошхона ва биноҳои ёрирасон буда, бо шабакаи мустақилли гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Ҳамчунин Гимназия дорои се озмоишгоҳи фанҳои физика, кимиё ва биология мебошад.

Дар муассисаи таълимӣ барои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ 12 маҳфили фаннӣ ба роҳ монда шудааст.

Маблағи лоиҳавии сохтмони Гимназияи мазкур 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *