Мақомоти кишвар як ҷавони 20-соларо бо гумони куштори бераҳмонаи духтари 19-солае, ки зоҳиран дӯстдоштааш будааст, дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ аз гумонбаршуда ном набурда, танҳо гуфтааст, ки сокини ноҳияи Зафаробод аст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ҷавони 20-сола рӯзи 5-уми сентябр аз ҳисси рашк бинобар сабабе, ки оилаи духтар хостгории ӯро рад кардаанд, ҷавондухтари 19-соларо ба ҷои номаълуме бурда, бо корд “16 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зарба задааст”.
Сипас, ба қавли мақомот, гумонбаршуда ҷабрдидаро ба дохили як бинои сохтмонаш нотамом дар деҳаи Логин дароварда, бо бензин оташ зада, ба қатл расонидааст. Духтар ҳам сокини ноҳияи Зафаробод будааст.
Мақомот алайҳи гумонбаршаванда бо қисми 2-и моддаи 104 (одамкушӣ) парванда боз кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.
Куштор дар заминаи рашк дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки рух медиҳад. Соли гузашта як ҷавонзани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва модари 4 фарзанд ба он муттаҳам шуд, ки дар заминаи рашк шавҳарашро корд задааст.
Пештар аз ин, як сокини 38-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳам дар пайи рашк ҳамсарашро кушта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube