Имрӯз, 12 сентябр дар шаҳри Душанбе пас аз бемории кӯтоҳмуддат қалби шоир ва рӯзноманигори шинохта Абдуқодири Раҳим аз тапидан бозмонд. Марҳум 64 сол дошт.
Хабари марги шоирро пайвандонаш ба pressa.tj хабар доданд. Гуфта мешавад, ки чанд рӯзи охир шоир дар Беморхонаи “Советсктий”-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд.
Абдуқодири Раҳим 17 январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ( дар гузашта УДТ ба номи В.И.Ленин) буда, ба ҳайси муҳаррири телевизиони тоҷик, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (Нуробод), хабарнигор, котиби масъули рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ , муҳаррири калон, мудири шӯъбаи маҷаллаи «Фарҳанг», хабарнигор, мудири шуъбаи фарҳанги нашрияи «Ҷумҳурият» фаъолият дошт.
Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилвати Ойина», «Духтари афсонаҳо», «Пайванди марзҳо ва дилҳо», «Ашки сари мижгон», «Назари лутф», «Дрмани абр», «Оби дари хона тира нест», «Рангҳо», «Роҳи ашк», «Шод зӣ, шод!», «Роҳи ашк», «Таронаҳои худрӯ» гирд омадаанд.
Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj аз марги нобаҳангоми Абдуқодири Раҳим андӯҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube