Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотиаш бо ифтихор эълон кард соли гузашта ба музди меҳнати 10 ҳазору 256 нафар омӯзгорони ҷавон 10 фоиз маблағ илова карда шуд. Ин кор воқеъан кумак мебуд, агар худи музди омӯзгорони ҷавон то ҳади хандаовар поин намешуд.
Лофи дигари вазир, ки зоҳиран мехост нишон диҳад мақомот ба омӯзгорон хеле кӯмак мекунанд, баръакс адади дигари хандаоварро ифшо кард. Ӯ гуфт соли 2022 318 нафар омӯзгорони кишвар аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ истифода кардаанд. Гуфтанист, қарзҳои имтиёзнок ба омӯзгорон Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал дода мешавад.
Ҳоло бубинем воқеъан ин “имтиёзҳо” ба омӯзгорон чӣ қадар кӯмак кардаанд. Омӯзгорони ҷавон дар мактабҳои Тоҷикистон аз 700 то 900 сомонӣ маош мегиранд, ки камтар аз 70-90 доллар аст. Даҳ дарсаде, ки вазир бо ифтихор аз он мегӯяд 70-90 сомонӣ ё 7-9 доллар аст. Бо ин пул омӯзгор метавонад 2-3 литр равған ё 10-12 кило орд харад. Гӯштро, ки бо ин пул як кило мешавад, мисол намеоварем, чун бо моҳонае, ки омӯзгор мегирад, гӯштро танҳо дар хоб метавонад бубинад.
Аммо дар бораи қарзи имтиёзнок. Худи маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ё 180 ҳазор доллар хандаовар аст ва беҳтар мебуд вазир дар ин бора даҳон намекушод. Гуфтанист, дар Тоҷикистон ҳудуди 130 000 омӯзгор фаъолият мекунад ва 318 нафар 0.25 фоизи ин шуморро ташкил медиҳад. Яъне аз ҳар 400 омӯзгор 1 нафар тавонистааст аз давлат қарзи имтиёзнок дарёфт кунад. Шонси буридан дар лотерея болотар аз ин шонси гирифтани қарзи имтиёзнок аст. 400 омӯзгори қашшоқ (ҳамаи омӯзгорон қашшоқанд, чун аз 70 то 150 доллар маош мегиранд) бояд барои гирифтани қарз муроҷиъат кунад, дар ҳоле, ки танҳо як нафар аз онҳо имкони дарёфти онро дорад.
Худи ҳаҷми ин “қарзи имтиёзнок”, ки бо ин қадар заҳмату миннат ба омӯзгор дода мешавад низ масхара аст: 5 660 сомонӣ. Мутмаинан маблағе, ки худи вазир барои хӯроки нисфирӯзиаш дар моҳ масраф мекунад, аз он бештар аст. Бо ин пул, агар барои доданаш чанд фоизи он ҳамчун ришва ситонида нашуд, фаразан омӯзгор як гови нимҷон ё ба қавли мақомот “чорвои ширдеҳ” харид. Зиндагии ӯ чӣ қадар тағйир мекунад? Танҳо хонаводаашро бо шир таъмин мекунад, агар ҷое алафи бепул пайдо кард. Аммо агар алафу ем харад, дар гумон аст, ки ҳатто хонаводаи худаш тавонад ба серӣ шир хӯрад. Суоли асосӣ ин аст, ки баъдан ин “қарзи имтиёзнок”-ро чӣ гуна бармегардонад?
Вазир ҳамчунин иддао кард омӯзгорони кишвар тибқи моддаи 353 — и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замини наздиҳавлигӣ озод мебошанд. Ин ҳам бад намебуд, агар омӯзгори бечора ҳамон заминро медошт.
Тибқи қонуни дар боло зикршуда, танҳо давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун кор мекунанд, қарзи имтиёзнок ва иловапулӣ ҳамчунин ду имтиёзи дигар муқаррар карда шудаанд:
— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;
— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор чудо кардани замин.
Аммо шумори омӯзгорони замингирифта аз шумори онҳое ки шонси гирифтани “қарзи имтиёнок”-ро пайдо кардаанд, бештар нест, ҳатто бамаротиб камтар аст. Ва онҳое ҳам, ки замин гирифтаанд, онро ё бо пардохти ришва ба даст овардаанд, ё аз ҷойҳое барояшон замин ҷудо шудааст, ки на роҳ дорад, на об ва на барқу дигар зерсохтор (инфраструктура).