Самир Ҷабборов, хонандаи синфи 8-и Гимназияи рақами 1-и шаҳри Истаравшан бо кӯмаки падараш мошини сабукрави тамғаи “Ломбарҷинӣ” сохтааст.
Барои хариди маводи лозим ва ҷамъ кардани маблағ, Самир Ҷабборов чанд моҳ кӯшиш кардааст. Раванди сохтани мошин тақрибан панҷ моҳ тӯл кашидааст. Мошини сохтаи ӯ бо қувваи барқ ҳаракат мекунад. Суръати ҳаракати ин мошин 40 км/соат аст.
Имсол Самир ин дастоварди худро ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат аст” пешниҳод кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube