Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” тарофаи нави “Биё! Бисоз 2.0”-ро роҳандозӣ намуд, ки ба муштариён барои мустақилона ташкил намудани тарофаи худ имкон медиҳад. Ин пешниҳоди нодир дар бозори хизматрасониҳои телекоммуникатсионии кишвар ба ҳисоб рафта, ба истифодабарандагон зиёда аз 22 ҳазор бастаи хизматрасониҳо дастрас мегардад.
Бо тарофаи нав муштариён метавонанд худашон ҳаҷми трафики интернет, миқдори дақиқаҳо ва SMS-ро дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунанд. Арзиши баста аз параметрҳои интихобшуда вобаста аст ва ба талаботи воқеии мизоҷ мувофиқ карда мешавад.
Нархи пасттарини тарофа 65 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин баста 15 ГБ трафик, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 50 дақиқа ба шабакаҳои дигар дар ҶТ, трафики интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00:00 то 06:59, инчунин имконияти истифодаи ройгони «Oila TV» ва онлайн-кинотеатри Иви, дохил мешаванд.
Нархи баландтарини тарофа 358,50 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин баста ба истифодабаранда 150 ГБ трафики интернет, 500 дақиқа барои зангҳои содиротӣ дар дохили ҶТ, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 300 SMS дар дохили ҶТ дастрас мегарданд. Опсияҳои иловагӣ , ба монанди: трафики бемаҳдуди шабона, онлайн-кинотеатри Иви ва ” Oila TV”, низ мавҷуданд.
Муштариёне, ки тарофаро бо нархи 100 сомонӣ ва зиёдтар пайваст мекунанд, +100% трафики интернет барои 12 моҳ аз лаҳзаи пайвасткунӣ туҳфа мегиранд.
Ҳам муштариёни нав ва ҳам амалкунанда метавонанд ба тарофаи «Биё! Бисоз 2.0» гузаранд. Тарофаро мустақилона пайваст кардан мумкин аст. Роҳи қулайтарин – ин тавассути замимаи мобилии “MeгаФон Life” мебошад. Дар замима бояд қисми «Тарофаи ман»-ро кушоед, баъдан ба бахши «Дастрас» гузаред ва тугмаи «Биё! Бисоз 2.0»-ро пахш намоед. Ҳамин тариқ, ба корбар дастрасӣ ба калкулятори тарофа пешниҳод мегардад. Дар он ҷо метавонед ҳаҷми лозимии хизматрасониҳои бастаро интихоб карда, арзиши онро бубинед. Агар ба шумо кӯмаки мутахассис лозим шавад, пас метавонед ба идораҳои хизматрасонии муштариён ё ба мушовирони онлайн – тавассути сомонаи оператор ва замимаи “MegaFon Life” муроҷиат кунед.
Муштариёни нави ширкати «МегаФон Тоҷикистон» метавонанд тарофаро дар идораҳои хизматрасонӣ пайваст карда, аз тамоми тафсилоти он огоҳ шаванд ва мутахассисони ширкат дар интихоби бастаи зарурӣ ба онҳо кӯмак хоҳанд кард.
“Ҷаҳон тағйир меёбад ва мо ҳам якҷоя бо он тағйир меёбем. Имрӯз муштариён на пешниҳодоти стандартӣ, балки имконияти мустақилона идора кардани алоқа ва комилан самаранок истифода бурдани хизматрасониҳоро мехоҳанд. Тарофаи “Биё! Бисоз 2.0″ ин озодии интихоб, шартҳои муносиб ва назорати комил барои муштариёни мост”, – иброз дошт директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
Муфассалтар дар бораи тарофаи «Биё! Бисоз 2.0» – дар сомонаи ширкат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube