Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи изтирории сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ, ки рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор гардид, ҳамлаи Исроил ба Қатарро “таҷовуз ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар” арзёбӣ карда, онро бо қотеона маҳкум намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор дошт:
“Мо бори дигар ин амали таҷовузкоронаро, ки поймолсозии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, қотеона маҳкум мекунем”.
Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон аз вазъи фоҷиабори Навори Ғазза дар ду соли охир изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳар гуна амалҳои хушунатомез дар Ховари Миёна метавонад боиси афзоиши ташаннуҷ ва сар задани ихтилофоти нав гардад.
Ба гуфтаи ӯ, чунин раванди хатарзо ба музокироту муколама ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи пойдор дар минтақа монеа эҷод мекунад.
Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳамбастагии кишварҳои мусулмонро таъкид намуда, гуфт:
“Имрӯз уммати мусулмон рӯбарӯи хатарҳои ҷиддии терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба тамаддуни башарӣ қарор дорад”.
Ӯ таъкид кард, ки дар чунин шароит, “бархӯрди ягона ва рӯйкарди муштараки кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар мубориза бо ин хатарҳо” талаботи замон ба шумор меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube