Рубрики Pressa

Доналд Трамп аз The New York Times барои тӯҳмат 15 миллиард доллар талаб кард


Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки алайҳи рӯзномаи The New York Times ва як нашриёт бо даъвои тӯҳмат ба маблағи 15 миллиард доллар ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

 Ӯ ин расонаҳоро «рупори Ҳизби демократии ИМА» номид ва онҳоро ба пахши маълумоти дурӯғ дар тӯли даҳсолаҳо муттаҳам кард.

Трамп рӯзи 16 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт:

«Имрӯз бо ифтихор даъвои тӯҳмат ва бадномсозиро ба маблағи 15 миллиард доллар алайҳи The New York Times – яке аз фасодзадатарин ва ғаразноктарин рӯзномаҳои таърихи кишвари мо  пешниҳод кардам. Он ба як “рупори” Ҳизби демократии радикали чапгаро табдил ёфтааст».

Ба гуфтаи Трамп, The New York Times ва хабарнигоронаш «солҳо боз ба пахши иттилооти дурӯғ дар бораи шахсияти ӯ, оилааш, тиҷорат ва дар маҷмӯъ миллати амрикоӣ» машғул будаанд. Ӯ ҳамчунин аз пуштибонии ин рӯзнома аз номзадии Камала Ҳаррис изҳори норозигӣ карда, онро «калонтарин саҳми ғайриқонунии интихоботӣ дар таърихи ИМА» номид.

Дар аризаи расмӣ, ки дар иёлати Флорида пешниҳод шудааст, Трамп иддао мекунад, ки The New York Times ва чанд хабарнигори он ба таври мунтазам ва қасдан ба тӯҳмат даст задаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *