Рубрики Pressa

Беш аз 2560 пратокол барои зарар ба муҳити зист дар Хатлон


Дар вилояти Хатлон давоми ҳашт моҳи соли равон, беш аз 2560 пратоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба зарар расонидан ва ифлос намудани муҳити зист тартиб дода шудааст. Дар ин бора аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иттилоъ доданд.

Қурбоналӣ Собирзода, сардори ин ниҳод дар суҳбат бо Pressa.tj изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ 2953 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин санадҳо ба ҳолатҳои зарар расонидан ба муҳити зист ва ифлоскунии партовгоҳҳо марбутанд.

Ба гуфтаи Собирзода, маблағи умумии ҷаримаҳои таъиншуда наздик ба 29 ҳазор сомонӣ мебошад.

Ӯ афзуд, ки танҳо дар моҳи август мутахассисони ниҳод дар шаҳру навоҳии Хатлон 298 пратоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд, ки 71 ҳолат аз онҳо ба муомилаи ғайрисанитарию нодуруст бо партовҳо иртибот дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *