Рубрики Хабарҳо

Сарвазири Қирғизистон: «Масъалаи марзро бидуни ҷониби сеюм ҳал мекунем»

Тоҷикистон ва Қирғизистон қасд доранд, масъалаи марзро бидуни ширкати ҷониби сеюм ҳал кунанд.

Ба иттилои хабаргузории Спутник дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси Девони вазирони Қирғизистон дар нишасти матбуотияш маълумот додааст.

Оқилбек Ҷабборов гуфтааст, “сарҳад танҳо вақте эътироф мешавад, ки ҳарду ҳамсоя розӣ бошанд. Дар ҷараёни сафар ба Пекин раисони ҷумҳури кишварҳои мо дастур доданд, ки дар ин замина музокирот оғоз шавад. Ҳарду президент ба мувофиқа расиданд, ки онҳо метавонанд дар бораи сарҳад бидуни ҷониби сеюм мувофиқат кунанд.»

Ба гуфтаи сарвазири Қирғизистон, ҷонибҳо ҳоло ройзаниҳоро оид ба аломатгузории қитъаи умумии марзҳо аз сар гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан  Микоил Агасандян, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СПАД гуфта буд, ки ин созмон омода аст ба Бишкек ва Душанбе ҳар вақт кумак кунад, то дар миёни онҳо ҳодисаҳои нав рух надиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *