Амрико 75 тонна кӯмаки ғизоиро ба маблағи 255 666 доллар барои дастгирии тақрибан 40 000 аҳолии осебпазир дар саросари Тоҷикистон расонид.
Ғизои мазкур, ки дар шаҳри Лаббоки аёлати Техас аз ҷониби ширкати «Breedlove Foods» истеҳсол шудааст, омехтаи ғизоии наск, биринҷ ва сабзавотро дар бар мегирад, ки бо витамину минералҳои муҳим ғани гардонида шудааст.
Ин кӯмаки ғизоӣ ба зиёда аз 140 муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобати сил, муассисаҳои равонпизишкӣ, марказҳои онкологӣ ва паноҳгоҳҳо барои гурезаҳо тақсим карда мешавад. Кумаки мазкур ба беҳтар кардани саломатӣ ва некӯаҳволии ҳазорҳо шахсони осебпазир равона шудааст.
Тақсимоти ин кумаки ғизоӣ таҳти назорати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Маркази миллии мубориза бо бемории сил ва Ҷамъияти ҳилоли аҳмар сурат мегирад.
«Ҳадафи муштараки мо содда аст: наҷоти ҳаёт, беҳтар кардани саломатӣ ва расонидани кумаки воқеӣ ба оилаҳо ва ҷомеаҳои Тоҷикистон мебошад», – гуфт сафир Микаллер.
Гуфта мешавад, ки аз соли 2007 инҷониб ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон 1000 тонна кӯмаки ғизоиро ба маблағи зиёда аз 2,2 миллион доллар расонидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube