Рубрики Pressa

Бори аввал зан роҳбари Непал


Сушила Каркии 73-сола, раҳбари собиқи Додгоҳи олӣ раиси муваққатии ҳукумати Непал таъйин шуд. Бори аввал дар таърихи ин кишвар зан роҳбари ҳукумат таъйин гардид.

Сушила Карки ба ин курсӣ дар пайи эътирозҳои шадиди тарки мақоми нахуствазирӣ кардани Шарма Олии коммунист нишаст.

Кишвари Непал, воқеъ дар байни Ҳинду Чин ва дар байни кӯҳҳои Ҳимолой, дар як ҳафтаи гузашта бо бесобиқатарин беназмиҳо дар таърихи ин давлат рӯ ба рӯ шудааст. Эътирозҳои мардумӣ, ки баъди манъи шабакаҳои иҷтимоӣ шуруъ шуд, боиси кушта шудани 51 нафар ва ҷароҳати 1300 кас гардид. Мавҷи хушунатҳо танҳо баъди аз қудрат канор рафтани Олӣ хомӯш гардид.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *