Рубрики Хабарҳо

Парвандаи 11 зиндонии ҲНИТ ба СММ рафт

Дирӯз, 21 май созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар ва зиндониёни Сиёсӣ Freedom-Now парвандаи 11 зиндонии сиёсии узви ҲНИТ-ро ба Созмони милал фиристод.

Ин созмон, ки муддати 8 моҳи охир ба омодасозии далоил ва ҳуҷҷатҳо барои фиристодани онҳо ба  Гурухи кории боздоштҳои худсаронаи Созмони милали мутаҳид машғул буд, билохира дирӯз онро ба ин гурӯҳи кории СММ ирсол кард.  

Яке аз афроди форид дар ин додхост Каримов Саттор, маъруф ба Махсуми Абдусаттор буд, ки се рӯз қабл дар фоҷеъаи зиндони Ваҳдат кушта шуд.

Ба ин рӯйхат ҳамчунин Сайидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Вохидхон Қосиддинов, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Саъдиддини Рустам, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов шомиланд.   

Муҳаммад Сафарзода, ёвари раиси ҲНИТ ба Паём гуфт, ки тамоми ҷузъиёти қатли ваҳшиёнаи марҳум бо аснод ва аксҳо замима ва ин гурӯҳи корӣ пешниҳод шудааст.

Ин додхост аз ҷониби созмони Freedom-Now, ки мақараш дар Вашингтон мебошад таҳқиқ, таҳия ва ба СММ пешниҳод гардидааст.

Ин созмон дар канори кӯмаки ҳуқуқӣ барои озодии зиндониёни сиёсӣ, ройзаниҳои дипломатӣ ва сиёсиро низ бо кишварҳои аврупоӣ ва Амрикои шимолӣ пайгирӣ дорад.

Қаблан  Гурухи кории боздоштҳои худсаронаи Созмони милали мутаҳид баъди омӯзишу баррасии се зиндонии дигари сиёсии тоҷик — Муҳаммадалӣ Ҳайит, Бузургмеҳр Ёров ва Зюйд Саидов, аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буд онҳоро билофосила озод кунад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *