Бо дархости ҷониби Қазоқистон аз 20-ум то 21-уми сентябри соли равон, дар шаҳри Алмаато намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилояти Хатлон доир мегардад.
Дар гӯшаҳои гуногуни намоишгоҳ барои сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон молу маҳсулоти саноатии истеҳсоли Тоҷикистон муаррифӣ хоҳанд шуд.
Сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Қазоқистон боис гардид, ки ду халқ дар фазои дӯстӣ ва бародарӣ зиндагӣ намуда, муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштараки худро боз ҳам густариш бахшанд.
Ин тадбири муҳим дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоид фароҳам оварда, дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷии ду мамлакат нақши муайян мегузорад.
Дар ин бора дафтари матбуотии матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube